arzon replenishment
Блогерро барои пулҷамъкунӣ дар тӯй ҷазо медиҳанд?
473

 

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба як навори блогер Назарова Манижа (Манижаи Умедулло) вокуниш кард.

Дар ин бора Зайнаб Ҳусейнова, корманди дафтари матбуоти Кумита ба “Оила” хабар дод. 

Ба иттилои ӯ, дар навор дида мешавад, ки Манижа дар маросими хонадоршавии яке аз пайвандонаш бо истифода аз усулҳои барои фарҳанги маъракаороии мо бегона аз иштирокдорони маросим маблағ ҷамъ мекунад.

“Вобаста ба ҳолати мазкур рӯзи 27- ноябри соли равон шаҳрванд Назарова Манижа барои суҳбат ба намояндаи мақоми ваколатдор даъват карда шуд. Номбурда бо дарки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”аз кирдори худ сидқан пушаймонӣ намуда, иброз дошт, ки аз кардаи худ пушаймон аст ва ба дигарон низ маслиҳат намедиҳад, ки чунин кирдори барои мардуми мо бегонаро ҳангоми доир намудани ҷашну маъракаҳо амалӣ кунанд”, - омадааст дар вокуниш.

Ба таъкиди ин масъули дафтари матбуоти Кумитаи дин, ҳоло аъмоли блогер омӯхта шуда, нисбат ба ӯ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ду сол қаб низ исми ин блогердухтар ба расонаҳо роҳ ёфта буд. Он замон Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  бо нашри акси як ҷавону як духтар хабар дод, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои дағалгуфтории Баҳоваддин Ашурализода, як марди зодаи Бохтар ва Манижа Назарова, сокини Душанбе нашр шуд ва дар пайи пурсишу баррасӣ мақомоти милитсия ба зидди ҳарду бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода, бо қарори додгоҳ, Ашурализодаро ба 5 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карда, духтарро 420 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Манижаи Умедуллоҳ (Манижа Назарова), блогери тоҷик аст, ки дар Фейсбуку Инстаграм ва Ютубу ТикТок бештар пиромуни масоили либосу ороиш ва зебоии занону духтарон наворҳо нашр мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД