Arzon march 2024
БО КУРТАИ ЧАКАН РУСҲОРО ҚОИЛ КАРДАМ
22.03.2021
ОИЛА
5513

 

Ман аз хурдӣ дар мактаби мусиқӣ таҳсил намуда нозукиҳои рақси тоҷикиро меомӯхтам. Борҳо дар озмуну фестивалҳо иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карда будам, вале падарамро аз ҷойи кораш ба Русия фиристоданду санъати ман дар нимароҳ монд. Мо ба шаҳраки Камбаркаи Русия кӯчидем.

Падару модарам маро ба гимназия дода аз паси кору бори худашон шуданд. Модарам дар як ширкати сохтмонӣ ба ҳайси ошпаз ба кор даромад. Пас аз дарсҳо ман ба наздаш рафта ба ӯ кӯмак мерасондам. Боре барои сохтмончиён базм оростанд, азбаски меҳри рақс ҳамоно дар дилам шуъла мезад, ба майдон баромада рақсидам. Раиси ширкат мафтуни ҳунарам гашта пурсид: «Духтарам, ту ин қадар зебо рақсиданро аз кӣ омӯхтӣ?» Гуфтам, ки дар Тоҷикистон дар мактаби мусиқӣ таҳсил мекардам.

Раиси ширкат дар баробари роҳбари ин корхонаи азими сохтмонӣ буданаш боз сарпарасти маҳфилҳои фарҳангӣ ҳам будааст, вай маро ба як фестивал-озмуни машҳури байни шаҳрӣ пешбарӣ намуд. Аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Як ҳафта пас озмун доир гашт. Вақте ки ман бо куртаи чакан хиромида- хиромида ба саҳна баромадам, толорро мавҷи кафкӯбиҳои бардавом фаро гирифт. Рақси тоҷикӣ ба русҳо он қадар писанд омад, ки гаштаю баргашта «пуст эта таджичка танцует» гӯён, маро ба саҳна мехонданд. Муҳоҷирони тоҷик ҳам дар толор буранд, онҳо аз рақс ва муваффақияти ман ба ваҷд омада фарёд мезаданд: «Қандата зан хоҳар, обрӯйи духтари тоҷикро баланд бардоштӣ!»

Хулоса, дар фестивал-озмун соҳиби шоҳҷоиза гаштам. Масъулони як мактаби бонуфузи рақсии Русия маро ба кор даъват намуданд. Ҳоло дар ин ҷо ба духтаракони рус нозукиҳои рақси тоҷикиро ёд медиҳам. Бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки санъати тоҷик бузург аст ва метавонад тамоми халқу миллатҳоро қоил намояд!

Фараҳноз Асоева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД