formula55
Бо татбиқи 12 лоиҳаи сармоягузорӣ роҳ сохта истодаанд
460

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар ҳоли ҳозир бо татбиқи 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи қариб 1,1 млрд доллар роҳ сохта истодааст.

Ба иттилои манбаъ, соли 2024 тибқи нақша бояд 5 лоиҳа ба маблағи 585 млн доллари ИМА ба истифода дода шавад.

Гуфта мешавад, ки аз шумораи умумии 7 лоиҳа ба маблағи беш аз 705 млн доллари ИМА дар ҳоли татбиқ аст. Татбиқи 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 345 млн доллар ба анҷом расидааст ва онҳо дар давраи кафолат қарор доранд.

Тавре вазорат иттилоъ иедиҳад, дар доираи 5 лоиҳае, ки бояд то охири соли равон татбиқ гарданд, 65 пули иборат аз 1,9 км, 5 нақби иборат аз 11 км, 5 долон ё худ гузаргоҳ бо дарозии беш аз 0,6 км ва 278 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бунёд мешавад.

- Роҳҳои “Роғун - Оби гарм - Нуробод” (дарозии 76 км), “Бохтар - Леваканд - Лолазор - Данғара” (дарозии 69 км) ва “Қалъаи Хумб - Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон” (дарозии 93 км) дар ҳоли татбиқ қарор доранд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД