sebiston july new
Бо зани озарӣ оиладор шуда, хушбахт гаштам
3318


15- май дар ҷумҳуриамон ҳамчун Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳақиқат оила барои ҳар як инсони соҳибақл муқаддас буда, ободию пешравии давлату миллат низ ба устуворӣ ва рушди маънавии оилаҳо вобастагӣ дорад, зеро маҳз оилаи солим метавонад фарзандони солими оқилу ҳунарманду бохирадро тарбият намояд.

Оила вақте мукаммалу хушбахт аст, ки зану мард соҳиби неъмати беҳтарини Худованд - фарзанд ҳастанд, вале ин самари ҳастӣ на ба ҳар кас насиб мегардад.

Дар пойбарҷойи оилаҳои ҷавон нақши генеколог ва уролог-андролог бориз аст. Дар ин росто, тасмим гирифтем бахшида ба “Рӯзи Оила” бо Ҷамшед Ризоев, уролог-андрологи шинохта суҳбати судманде дошта бошем.  

-Шумо бо ҳамсаратон чӣ гуна вохӯрдед? 

Вақте дар факултети умумӣ-тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил мекардам, ҳамсари ояндаамро вохӯрдам, курсҳоямон як буд, вале гурӯҳҳоямон дигар. Албатта бо як дидор ба якдигар мувофиқ наомадем ва байнамон ягон муносибат ҳам набуд. Рӯзе як ҳодиса рух дод ва модари ҳамсари ояндаам ҷарроҳӣ шуданд. Кӯмакам ҳамин буд, ки он касро бо мошин аз беморхона ба хонаашон бурдам. Ҳамин тавр, муносибати мо қавӣ гардид, бо ҳам дӯст шудем ва дар охир ошиқ, аммо медонистем, ки волидонамон ба пайванди мо розӣ намешаванд.
- Чаро? Магар ягон монеае вуҷуд дошт?
- Бояд бигӯям, ки ҳамсарам тоҷик нест, ӯ озарист. Аз сабаби он ки модараш арманию падараш озарист, бар замми ин муносибати Арманистону Озарбойҷон солҳои 2000-ум нотинҷ буд, натавонистааст ба ягон донишгоҳ дохил шавад. Тасмим гирифта буд, ки ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шуда, баъди як соли таҳсил ба ягон муассисаи олии Озарбойҷон интиқол ёбад, аммо...
Баъди он, ки мо ба ҳам ошиқ шудем, ба волидонамон гуфтем, онҳо зид баромаданд. Модари ҳамсарам бо сабаби дурии роҳ розӣ набуд. Модарам ва апаамро барои хостгорӣ бурдам, вале “келин аз мулки бегона дар мо намешавад” гуфтанду розӣ нашуданд. Дар охир худам тасмим гирифтам, ҳуҷҷатҳоямро омода кардаму ба Озарбойҷон рафтам ва бо дӯстдоштаам оила барпо намудам. Баъди ин волидонам дигар ягон муқобилият нишон надоданд ва Худоро шукр, ки соҳиби ду фарзанд ҳастаму зиндагии хушбахтона дорам. 
- Шумо ҳамроҳи оилаатон фаъолият доред?
- Бале, айни ҳол ҳамроҳи оилаам ба табобати бемороне, ки дучори безурётӣ ҳастанд, сару кор дорем, инчунин беморони дорои простатит, сустии мардонагӣ... Маркази мо хусусӣ буда, дар он худам сардухтур ва директор ҳастам, дигар кормандон аъзоёни оилаамонанд. 
- Дар зиндагӣ киро такягоҳи худ меҳисобед? 
- Ҳамсарам бароям мисли дӯсти ҷонӣ аст, чи фикру ақидае дорам, бо ӯ тақсим мекунам, ба ӯ такя мекунам ва дар оянда низ такягоҳам танҳо оилаам аст. 
- Бароятон хушбахтиву хушрӯзгорӣ хоҳонем.
- Ташаккур.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД