Arzon march 2024
Бобои сангдил
1732

 

Салом! Идигул ҳастам, сокини ноҳияи Рӯдакӣ. Мехоҳам сарнавишти талхамро нақл кунам, то ки ба ҳама падару модарон дарси ибрат гардад ва пеш аз оне, ки фарзандашонро ба шавҳар медиҳанд, тору пуди қудошавандаро омӯзанд, ки оё дар ин хонадон духтарашон хушбахт мешавад ё не.

Духтари сарпасту боодоби хонагӣ будам, бе иҷозати падару модарам поямро аз дарвоза берун намегузоштам. Дар бораи ишқу ошиқӣ ҳатто тасаввурот надоштам. Аз ҳамин хотир талабгоронам хеле зиёд буданд.

Дар байни хостгорон як зану шавҳари хеле олуфтанамое буданд, ки пушти дари хонаамонро охурча карда, ваъдаҳои осмонӣ медоданд. Падару модари камбағалам “ин зану шавҳар ҳоҷӣ будаанд ва дар бисоташон як писар доштаанд.

Мегӯянд, ки хонаи сеошёнаю зиндагии шоҳона дорем, духтаратон дар хонаи мо келин шавад, малика барин зиндагӣ мекунад” гӯён, маро ба издивоҷ ба писари ин оилаи бою бадавлат розӣ карданд.

Ҳамин тавр дар байни як моҳ тӯямон барпо шуд ва ман риштаи тақдирамро бо ҷавоне пайвастам, ки дар умрам ягон бор надида будам.

Домодро бори аввал шаби никоҳ дар таги чодари арӯсӣ дидам. Ҷавони чашму абрӯсиёҳи хушқаду қомат будааст. Ростӣ, бо як нигоҳ шаҳбачаи хушсурат ба ман писанд афтид ва Худоро шукрона кардам, ки тақдирамро бо чунин ҷавони зебо пайвастааст, вале...

Пас аз тӯй маълум шуд, ки таърифу тавсифҳои хусуру хушдоманам дар бораи зиндагии шоҳона гапи хушку холӣ будааст. Онҳо дар ҳақиқат як хонаи дуошёна доштанд, вале чунон хасис буданд, ки як тинашонро беҳуда сарф намекарданд.

Хушдоманам тамоми чизу чораи хонаро қулф карда, калидашро ҳамеша дар банди мӯяш баста мегашт, хусурам бошад, мисли занҳо ба ҳар ош қатиқ шуда, мудом “ба шӯрбо чанд дона картошка андохтӣ, чаро равғани ош зиёд аст, келин, магар дар хонаи падарат ба ту сарфаю сариштакориро ёд надоданд...” гӯён, ба асабам мерасид.

Волидони ман одамони камбағал бошанд ҳам, ягон чизамон қуфл набуд ва касе ба дег чанд дона картокаю пиёз андохтанро ҳисоб намекард, падарам бошад, аслан ба корҳои занона аралаш намешуданд, аз ҳамин сабаб рафтори хусуру хушдоманам ғаши маро меовард, вале ба хотири бахт ба ҳамааш тоқат карда, ҳаргиз сари хамамро боло намекардам ва гап намегардондам, аммо...

Духтарчаи якумам сиҳату саломат ба дунё омада бошад ҳам, фарзанди дуюмам бо амри тақдир маъюб баромад. Ба ҳамагон маълум аст, ки кӯдаки маъюб нигоҳубини махсусро талаб мекунад.

Фарзанди ман ҳам ба табобати пайваста ниёз дошт ва мо бояд ӯро ҳар моҳ аз назорати духтур мегузаронидем. Ҳар гоҳ, ки кӯдакро ба духтур бурданӣ шавем, хусуру хушдоманам қиёматро қоим мекарданд, ки ту бо ҳамин бачаи маъюби зоидаат писари моро хонасалот мекунӣ. Зор-зор гиря карда мегуфтам:

“Худованд ин кӯдакро маъюб ва мӯҳтоҷу мунтазир кардааст, айби ман чӣ, охир ман орзу доштам, ки фарзандам сиҳату саломат бошад ва мисли кӯдакони дигар давидаю парида гардад, аммо тақдирро тадбир нест...”

Азбаски хусуру хушдоманам ҳамеша барои пули дорую дармони кӯдак ва ҳатто барои харидани памперс ҷангу ҷанҷол мебардоштанд, бисёр вақт падарам пули нафақаашро оварда медод, ки барои кӯдакам дорую дармон ва дигар чизҳои лозимаро бе миннат бихарам. Чашмони худи падарам ҳам хира буд ва ман шарм медоштам, ки нафақаи як марди беморро мегирам, аммо дигар чора надоштам.

Хулоса, бо ҳамин азобҳо писаракамро сесола кардам. Акнун вай як калима ду калима гап мезад ва ман бисёр мехостам, ки роҳгардиро ҳам ёд гирад. Табибон гуфтанд, ки як бори дигар сари кӯдакро томография кардан лозим. Нафақаи падарам аллакай сарфи харидани дорую давои ҳармоҳаи писарам шуда буд ва ман аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки кӯдакро аз ҳисоби худаш аз ташхиси томорафӣ гузаронад.

Хусурум ҳар моҳ пули писарашро як танга намонда, аз дасташ кашида мегирифт ва танҳо барои роҳкиро ҳар рӯз 10 сомонӣ медоду халос.

Вақте ки шавҳарам ба назди падараш рафта, барои ташхиси кӯдак пул пурсид, хусурам бо доду фиғон ҳавлиро ба сараш бардошта, қиёматро қоим кард.

“Мардак нашуда муре, занкалони аҳмақ! Занат чизе, ки гӯяд, даррав лаббай гуфта медавӣ. Ин сағераи “инвалид”-и зоидаи зани ту ҳаргиз сиҳат намешавад! Барои чӣ ин қадар пулро беҳуда сарф мекунед?! Сад бор гуфтам, ки бачаи инвалидатро ба хонаи маъюбон бурда мон, насибаш зистан бошад, зинда мемонад, мурдан бошад, ҷони ҳама халос мешавад...” бо тамоми овоз дод мезад хусурам.

Косаи сабрам лабрез гашт ва бори аввал ба рӯяш гап гардонда гуфам: “Амак, аз Худо тарсед, охир ин бачаи бузғола нест, ки бурда партоем, фарзанди одамизод аст, писари мо, як пораи ҷону ҷигари мо аст. Барои шумо “инвалид” бошад ҳам, барои ман фарзандам чӣ хеле, ки набошад, азиз аст. Ҳаргиз ӯро ба хонаи маъюбон бурда намепартоям...”

Хусурам бо шунидани ин гап қариб девона шуд ва “Ин аҷина боз забон баровардааст. Ҳозир падару модарашро ҷеғ зада, талоқашро медиҳӣ” гӯён, писарашро маҷбур кард, ки ба волидони ман занг занад. Зор-зор гиря карда, аз шавҳарам хоҳиш мекардам, ки ба хотири фарзанди маъюбамон зиндагиамонро вайрон накунад, охир уболи ин тифли бегуноҳ мегирад.

Шавҳарам ҷуръат намекард, ки ба рӯйи ман нигоҳ кунад, вале ночор ба падарам занг зада, баҳона пеш овард, ки духтаратон аз ҳуш рафтааст, тез расида биёед. Бечора падару модарам талхакаф шуда, таксӣ гирифта омаданд ва маро дар рӯйи ҳавлӣ сиҳату саломат дида, ҳайрон шуданд, ки чӣ ҳодиса рӯй дода бошад.

Одатан қиёмат қоим шуда бошад ҳам, меҳмонро ба хона дароварда, дар пешаш як пиёла чой мекунанд, вале хусуру хушдомани ман ҳанӯз аз даим дар ба ҳамла гузашта, имкон надоданд, ки падару модарам ба худ биёянд.

“Ин духтари шумо бо ҳамин сағераи маъюби зоидааш писари бечораи маро хонасалот кард. Аз сустии писарам истифода бурда, духтаратон ӯро хар карда савор шудааст”- чашмонашро ало було карда гуфт хусурам.

Падарам оромона пурсиданд, ки духтари ман чӣ гуноҳ дорад ва аз писаратон чӣ талаб кардааст, ки ӯро ин қадар хонасалот кардааст. “Моҳе нест, ки ҳамин бачаи маъюбашро бардошта, дари духтурхона набарад. Аз дорухарию памперсхарӣ дар бисотамон чизе намонд” ба суҳбат ҳамроҳ шуд хушдоманам.

“Духтари ман аз писари шумо зару зевар ва куртаҳои қимат талаб накарда будааст-ку, қудо. Дорую дармон харида бошад, барои фарзандаш харидааст. Ба фикрам мо духтарамонро бо кӯдак ба хонаи шумо наоварда будем. Ин бачаи фарзанди шумо ҳам ҳаст-ку. Хароҷоти барои набераи худатон кардаатонро чаро миннат мекунед? Одамон барои фарзанду набераҳояшон чиҳо, ки намекунанд” гуфт модарам.

Бо шунидани ин суханон хусуру хушдоманам бештар оташ гирифтанд. Падарам барои он ки ман хонасалот нашавам, ташхиси кӯдакро ба гардан гирифта, гуфтанд, ки “майлаш, ман аз ягон ҷо қарзу қавола карда, пули томографияро медиҳам. Барои 300-400 сомонӣ зиндагии ду ҷавонро вайрону фарзандонашонро сағера накунед”, вале хусурам ду пояшро ба як мӯза андохта, писарашро маҷбур кард, ки талоқи маро диҳад.

Шавҳарам дилу нияти ҷудошавӣ надошт, лекин падару модараш дар наздаш шарт гузоштанд, ки агар маро талоқ надиҳад, оқаш мекунанд. Ҳамин тавр бо амри хусуру хушдоманам шавҳарам маро талоқ дод. Бобои сангдилашон ду фарзанди маро, ки якеашон маъюб аст, аз меҳру навозиши падар маҳрум ва зиндаятим гардонд.

Суд барои кӯдаконам 500 сомонӣ алимент муқаррар кардааст, вале ҳамон маблағи ночизро низ шавҳарам гоҳ пардохт мекунаду гоҳ не. Бо сабаби кӯдаки маъюб доштанам ман имкон надорам, ки дар ягон ҷо кор кунам. Барои падару модари пирам, ки худашон ҳам беморанд, парастории ману фарзандонам душворӣ мекунад, лекин сир бой намедиҳанд.

Суд маро дар манзили волидони шавҳарам маскун карда буд, вале ин одамони сангдил набераҳояшонро ба хонаашон роҳ надоданд.

Мақсади ман шикоят кардан нест. Сарнавиштамро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигар падару модарон дарси ибрат гардад ва пеш аз оне, ки духтарашонро ба шавҳар медиҳанд, пурсанд, фаҳманд, санҷанд, ки хостгорон чӣ гуна инсон ҳастанд ва чӣ рӯзу рӯзгоре доранд.

Идигул, аз н. Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Салимчон 2023-09-03, 21:21
Хушдоману хусуртв гом, шутам дар болошон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Салимчон 2023-09-03, 21:21
Хушдоману хусуртв гом, шутам дар болошон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД