Бонки ҷаҳонӣ барои рушди бозори барқ ба Тоҷикистон 60 миллион доллар медиҳад
18.02.2026
Оила
39

Бонки ҷаҳонӣ барои рушди бозори барқ

ба Тоҷикистон 60 миллион доллар медиҳад

Вазорати молия ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Раббаланд дирӯз, 17-феврал созишномаеро ба имзо расонидаанд, ки тибқи ин ҳуҷҷат Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои рушди бозори нерӯи барқ дар ҳаҷми 60 миллион доллар грант медиҳад.

Созишнома бо мақсади дар амал татбиқ намудани лоиҳаи “Рушди бозори нерӯи барқ ва ҳамоҳангсозии системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ” баста шуда, маблағи аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун кӯмак ҷудошуда барои бунёди хати интиқоли барқии 500-киловолта аз зеристогоҳи барқии Душанбе-500 то зеристогоҳи барқии Регар-500 ва васеъсозии зеристгоҳҳои барқии мазкур, инчунин омодасозии техникии иқтисодӣ ва тарҳи мукаммали лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи 500-киловолтаи “Роғун-Сайҳун” ва “Ҷануб-Шимол” (марҳилаи дуюм) сарф хоҳад гашт. Дар ин бора вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД