goodwell
Бонуи пурҳунар
51

Бонуи пурҳунар

Қуроқдӯзӣ дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик танҳо дӯхтани пораҳои матоъ нест. Ин ҳунар таҷассуми завқ, зебоипарастӣ, сарфакорӣ ва ҷаҳонбинии мардум мебошад. Ҳунарманд бо истифода аз порчаҳои гуногуни матоъ асарҳое меофарад, ки ҳар кадоми онҳо бо рангорангӣ ва нақшу нигори худ зебоӣ ва гармии зиндагиро инъикос мекунанд.

Дар гузашта қариб дар ҳар хонадони тоҷик занони қуроқдӯз буданд ва ин ҳунар ҷузъи муҳими тарбияи духтарон ба ҳисоб мерафт. Модарону бибиҳо аз хурдӣ ба фарзандону наберагони худ нозукиҳои қуроқдӯзиро меомӯзонданд, то ҳунари аҷдодӣ аз байн наравад. Яке аз бонувони соҳибҳунаре, ки умри худро ба нигоҳдорӣ ва рушди ҳунари қуроқдӯзӣ бахшидааст, Иззатой Исоева мебошад.

«Модаркалонам Обида Насриддинова аз чеварони машҳури Истаравшан буданд. Он вақтҳо агар дӯзандаи номиву моҳир бошӣ, чевар мегуфтанд. Модаркалонам аз матопораҳо қуроқдӯзӣ мекарданд. Мо набареҳо наздашон нишаста ҳунар меомӯхтем. Гулдӯзӣ, чокдӯзӣ, рӯймолчабофиро бошад,   аз маҳфили ҳунаромӯзӣ, ки дар "Хонаи пионерон" мешуд омӯхтам. Он вақтҳо рӯймолчаро дӯхта бо риштаҳои сафед мебофтем ва бо чашмаку пулакчаҳо оро медодем. Духтарон барои бисоти арӯсияшон то 40-50 рӯймолча мехариданд," – қисса мекунад қаҳрамони мо.

Иззатой Исоева мегӯяд қуроқдӯзӣ аз кас зебоипарастӣ ва маҳорату истеъдоди баландро тақозо мекунад. Ба гуфти ӯ барои омода кардани ҳар як асар аввал матоъҳоро интихоб карда, онҳоро мувофиқи нақша бурида, гулҳои қуроқро омода месозад ва баъдан онҳоро бо ҳам пайваст менамояд. Нақшу нигори офаридаҳояш бештар аз тахайюл ва завқи эҷодияш сарчашма мегирад. Ӯ аз матопораҳо гаҳворапӯш, дастархон, чимилдиқ (чодари арӯсӣ), шоҳтокӣ, кӯрпаву кӯрпача, болишт медӯзад.

Иззатой Исоева танҳо ҳунарманд нест. Ӯ солҳои зиёд дар баробари фаъолияти эҷодӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ низ фаъолият доштааст. Ду сол дар Радиои маҳаллии Истаравшан ҳамчун наттоқ фаъолият намуда, бо садои форам ва сухани равон барномаҳои радиоро пешкаш мекард. Ҳамчунин ду сол дар рӯзномаи «Паёми Истаравшан» дар шуъбаи мактубҳо кор карда, дар рушди матбуоти маҳаллӣ саҳм гузоштааст. Дар солҳои таҳсил инчунин муҳаррири рӯзномаи девории мактаб буда, аз овони ҷавонӣ ба навиштану суханварӣ шавқу рағбати зиёд дошт.

Имрӯз Иззатой Исоева аз ҷумлаи ҳунармандони соҳибтаҷрибаи Истаравшан ба шумор меравад. Ӯ бо меҳнати пурбаракат, муҳаббат ба ҳунар ва эҳтиром ба суннатҳои миллӣ барои ҳифзу рушди қуроқдӯзии тоҷик саҳми арзанда мегузорад. Иззатой Исоева бовар дорад, ки ҳунар танҳо бо меҳнат ва муҳаббат рушд мекунад. Барои соҳибҳунар шудан истеъдод муҳим аст, вале аз он ҳам муҳимтар сабру тоқат, заҳмати пайваста ва хоҳиши омӯхтан мебошад. Ӯ ҳамеша ба ҷавонон тавсия медиҳад, ки ҳунари аҷдодиро қадр намоянд, зеро маҳз тавассути чунин ҳунарҳо фарҳанг ва таърихи миллат зинда мемонад.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД