arzon replenishment
Бонуи ҳунарманде, ки духтарони тоҷикро ба малика табдил медиҳад
1942


Хуршеда Ахмедова бонуи нозуктабъ, хушзавқ ва ҳунармандест, ки ҷавоҳироти мӯҳрагин ва қоштилло месозад.

Мавсуф ба ҷавон буданаш нигоҳ накарда аллакай бренди худро таъсис додааст ва бо номи "Ягона" қоштиллоҳои гуногуни пур аз нақшу нигорро ба занону духтарони зебопарасти тоҷик пешкаш менамояд. Ба маҳсули дастони ин бонуи пурҳунар харидорони зиёде пайдо шудаанд ва аз минтақаҳои гуногун мизоҷон ба наздаш омада, мувофиқи табъ ва завқи худ қоштилло фармоиш медиҳанд. Аз ҳамин хотир мо тасмим гирифтем аз рӯзгори ин духтараки ҳунарманд ба хонандагони азизи сомонаи Оила.тч қисса намоем.

Комёбиҳои як духтараки 17-сола

Хуршеда Ахмедова ҳамагӣ 17-сол дошта, дар курси 2-юми Колеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар гурӯҳи дизайнер-дӯзанда таҳсил мекунад. Хуршеда то имрӯз тарҳи либосҳои зиёди миллиро тасвир карда дӯхтааст ва ҳамзамон барои ҳар як либоси омодакардааш қоштиллои мувофиқ офаридааст.

Назар ба гуфти худи ҳунарманд, қоштиллои мӯҳрадор як ҷузъи фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик буда, аз қадим бонувон онро ба сар мекарданд.

"Қоштиллоро дар гузашта ашрофзодагон, зану духтарони мансабдорон ва шоҳдухтару маликаҳо ба сар мекарданд, зеро он рамзи шукуҳу шаҳомат шумурда мешуд. Дертар арӯсакон дар шаби никоҳ ва тӯяшон қоштилло мемондагӣ шуданд. Метавон гуфт, ки дар гузашта қоштилло вазифаи тоҷро низ иҷро мекард, вале бо мурури замон онро бештар санъаткорон ва арӯсон мепӯшидагӣ шуданд. Имрӯзҳо талабот ба ин навъи ҷавоҳирот хеле зиёд гардида, қоштилло боз вориди мӯд шудааст,"- шарҳ дод ҳунарманди ҷавон.

Қаҳрамони мо мегӯяд, қоштилло аз мӯҳраҳои гуногун, пулакчаҳои ранга ва сангҳои ҳархела тайёр карда мешавад.

Ба гуфти Хуршеда ҳунарманд дар ҳама чиз зебоӣ мебинад. Маҳз дидӣ зебои ӯст, ки аз сангу мӯҳраҳои одӣ чизҳои зебое меофарад, ки чашми кас аз тамошояшон сер намешавад.

Тарзи омода кардани қоштилло

Барои сохтани қоштилло марворид, сангҳои гуногунҳаҷм, пат, картонҳои ҷилодор, занҷирча, ширеш, риштаи ёзанда ва риштаи одӣ лозим аст.

Қаҳрамони мо мегӯяд, қабл аз он ки ягон навъи қоштиллоро омода кунад, аввал ангораи онро тасвир менамояд, то чизи эҷодкардааш мувофиқи табъи харидор гардад.

"Бештар дар вақтҳои холигӣ ангораи қоштиллоҳоро тасвир мекунам. Китобҳои таърихиро варақ мезанам, то нусхаи он қоштиллоҳоеро, ки бонувони мо пештар ба сар мекарданд, офарам. Мо ҳунармандон бояд ҳар як ҷузъи таърихи худ, либосҳои қадимаи миллиамонро дар асарҳоямон таҷассум намоем,"-иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.

Хуршеда Ахмедова гуфт, пас аз он ки ангораи қоштилло омода мешавад, онро аз нав дар рӯйи картони ранга тасвир мекунанд, сипас бурида дар рӯйи картон мӯҳраву сангҳоро медӯзад ва бархеи онро ширеш мекунад.

Қоштилло зиннати арӯсон аст

Қаҳрамони мо мегӯяд, то ба имрӯз шумораи қоштиллоҳои сохтааш ба 70 адад расидааст. Ин навъи ҷавоҳиротро асосан ҷавондухтарон харидорӣ мекунанд. Онро дар маъракаҳои арӯсӣ ба либос мувофиқ карда ба сар мекунанд.

"Имрӯз пӯшидани қоштилло миёни наварӯсон ба ҳукми анъана даромадааст, зеро он диққати бинандаро ба худ ҷалб месозад. Аз ин рӯ қоштиллоро зиннати арӯсон меноманд,"-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Хуршеда Ахмедова мехоҳад таҳти бренди "Ягона" дар баробари қоштилло ҷавоҳироти гуногун ва либосҳои миллӣ офарад. Ӯ мехоҳад дар оянда сехи дӯзандагӣ кушода, занҳои хонашинро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД