sebiston july new
Борон хоб бинӣ, гиря мекунӣ?
1109

Ду шаб боз пай дар пай хоб мебинам, ки борон борида,сар то по тар шудаам. Мегӯянд, ки борон дар хоб оби дида аст.

Метарсам, ки ягон нохушӣ рӯй надиҳад. Аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам, то ки таъбири хобамро бидонам.
Гулрафтор аз ш. Ҳисор
Посух

Хоҳари азиз! Дар ҳақиқат боронро дар хоб ба оби дида нисбат медиҳанд. Хоб бинед, ки дар зери борон мондаед, вале он шуморо аслан тар намекунад, ягон хабаре ба гӯшатон мерасад, ки каме боиси хавотирӣ мегардад, вале он ягон оқибати бад надорад.
Сар то по тар шудан дар зери борони сел нишонаи он аст, ки ба сари шахси хобдида мушкилиҳои зиёде якбора мисли борон мерезанд ва барои халосӣ аз гирдоби мушкилот ёрии дигарон лозим мешавад. Аммо хоб бинед, ки борон борида истодаасту шумо онро аз пушти тиреза ё аз дур тамошо доред, шоҳиди ягон ҳодисаи нохуш мегардед, ки шахсан ба шумо зарар намерасонад. Таъбири дигари ин хоб чунин аст, ки дар ҳаёти шахси хобдида мушкилиҳои бисёре вуҷуд доранд, аммо онҳоро нодида мегирад ва рӯзе бепарвоияш ӯро ба гирдоби мушкилоти ҷиддӣ афканда метавонад.
Хоб бинед, ки дар зери борон тип-тар шудаед ва аз шиддати хунукӣ дигар чизеро эҳсос намекунед, эҳтиёт бошед, зеро чунин хоб бонги хатар аст. Эҳтимол бо яке аз хешовандонатон ягон ҳодисаи нохуш рӯй дода, шумо ба ҳолати стресс гирифтор шавед.
Хоб бинед, ки борон борида истодааст ва қатраҳои борон ба сару рӯйи шумо мешоранд, ягон нохушӣ рӯй дода, барои шахси наздикатон гиря мекунед. Қатраҳои борони ба сару рӯятон шорида, агар сиёҳ бошанд, ягон дӯсти наздик ё одами шиносатон сахт бемор мешавад ё мемирад. Қатраҳои борон сафеду тоза бошад, беморӣ сабук буда, зуд мегузарад. Дар хоб тар шудани рӯйи шахси хобдида аз қатраҳои борон ё сел аз ишқи нобарор гувоҳӣ медиҳад, яъне шумо барои шахсе, ки дӯсташ медоред, оби дида хоҳед рехт.
Дар хоб зери борон монда, пагоҳгоҳе пайдо кунед, дар зиндагӣ шахсеро вомехӯред, ки бароятон такягоҳи устуворе хоҳад гашт ва минбаъд бо кӯмаки он шахс шумо ба қуллаҳои баланд мерасе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД