sebiston july new
Бойтарин одами Шарқ писарашро зан дода, ҳамаро дар ҳайрат гузошт
806

Ҳафтаи гузашта сарватмандтарин одами Шарқ писарашро хонадор карда, чунон тӯйи бодабдабае орост, ки ҳатто миллионерҳо дар ҳайрат афтиданд. Дар ин тӯйи бодабдаба аз Марк Цукерберг ва Иванка Трамп то Дипика Падукони ва шоҳи Болливуд Шаҳрух-ХонУ ҳамаи одамони машҳури дунё иштирок намуданд. Ҳолдонҳо мегӯянд, соҳиби маърака фақат ба Рианна барои дар тӯйи писараш суруд хондан беш аз 7 миллион доллар пул додааст.

Дар маҷмӯъ хароҷоти тӯйи мазкур, ки “Қиматтарин тӯйи арӯсии сол” ба шумор меравад, 113 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Мехоҳед донед, домоди арӯси хушбахте, ки ба хотири издивоҷашон ин қадар пули зиёдро сарф кардаанд, кистанд? Пас муттаваҷҷеҳ бошед!

Ду миллиордер қудо шуданд

Ин тӯйи бодабдаба, ки се шабонарӯз идома ёфт, ба ифтихори издивоҷи Анант Амбан, писари сарватмандтарин одами Шарқ, тоҷири ҳиндӣ Мукеш Амбан, соҳиби ширкати Reliance Industries ороста шудааст. Дороии ин оила 111 миллиард доллар арзёбӣ карда мешавад. Ширкати мазкурро бобои Мукеш Дхирубхай Амбани ҳанӯз соли 1958 ташкил карда буд. Холдинги мазкур яке аз калонтарин ширкатҳои Ҳиндустон ба шумор рафта, аз чандин корхонаҳои истеҳсоли неруи барқ, маводҳои кимиёвӣ, саноати бофандагӣ ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ иборат мебошад. Падари домоди хушбахт дар як сол аз ширкаташ тахминан 110-111 миллиард доллар даромад мегирад.

Анант бо Радика Мерчант, духтари миллиардери дигари ҳиндӣ Шри Вирен Мерчант, директори генералии ширкати тиббии Encore Healthcare издивоҷ карда, сари падару модарашро ба осмон расонд.

Муҳаббат ба синну сол коре надорад

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ин ду оилаи миллиардер танҳо ба хотири боз ҳам бештар гардонидани дороии худ қудо шудаанд, вале дар асл ин тавр нест. Анант ба Радика ошиқи шайдо шуда, аз байни садҳо зебосанам маҳз ӯро интихоб намудааст. Ҳарчанд арӯси 29-сола Радика аз домод 2 сол калон бошад ҳам, волидони ҳарду ҷониб аз интихоби фарзандонашон сад дар сад розиянд.

Анант ва Радика ҳанӯз моҳи январи соли гузашта бо ҳам фотиҳа шуда буданд, вале маросими расмии номзадии ин ду ҷавонро волидонашон ҳафтаи гузашта таҷлил намуда, се рӯз аз 1 то 3 март тӯйи бодабдаба гузарониданд.

Дар ин тӯйи пуршукӯҳ аз Марк Цукерберг ва Иванка Трамп то Дипика Падукони ва шоҳи Болливуд Шаҳрух-Хон садҳо одамони машҳури дунё иштирок намуданд. Ҳолдонҳо мегӯянд, соҳиби маърака 113 миллион доллар сарф намуда, ба зиёда аз 12000 меҳмонҳо зиёфат додаанд. Фақат ба Рианна барои дар тӯй 7 миллион доллар додаанд.

Бо ин ҳама дабдаба тӯй ҳанӯз ба охир нарасидааст. Ақди никоҳи расмии ин ду ҷавон моҳи июни соли равон баргузор мегардад ва худо медонад, ки падаронисарватмандашон боз чанд рӯзи дигар ба ифтихори никоҳи онҳо тӯй медиҳанд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД