formula
Боз барф меборад!
23.02.2023
Mahina
1172


Маркази обу ҳавошиносии кишвар аз дубора сард шудани ҳаво дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилоъи ин ниҳод шурӯъ аз 25-феврал ҳаво тағйир ёфта, аз ҷониби Сибири Ғарбӣ ба Тоҷикистон сиклонҳои хунук меоянд.

Дар ноҳияҳои тобеъи марказ, вилояти Хатлон ва қисми ғарбии Бадахшони кӯҳӣ борони шадид ва барф меборад.
Ҳарорати ҳаво якбора поён фаромада, 25 феврал то 10-12 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Рӯзи 26 феврал дар минтақаҳои кӯҳии навоҳии тобеъи марказ, ҳамчунин дар Бадахшон ва роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Чаннок, Нуробод-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Рошқала ва Хоруғ-Ишкошим эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.
Дар Вилояти Хатлон ва як қисми навоҳии тобеъи марказ борони шадид борида, хавфи омадани селро ҳавошиносон пешгӯӣ кардаанд.
Дар шаҳри Душанбе аз 24 то 28 феврал ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона аз 10 до 22 дараҷа гарм шуда, шабона аз – 4 то -9 дараҷа сард хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД