Дастаи миллии Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муқобили яккачини Тимори Шарқӣ бо либосҳои анъанавии сафед ҳунарнамоӣ менамояд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, пеш аз бозӣ дар варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия ҷаласа баргузор шуд, ки дар он масъулини бозӣ, кумитаи тадорукоти маҳаллӣ ва намояндагони дастаҳои Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар ҷараёни ҳамоиш дастаҳо ранги либосҳои худро барои вохӯрии интизор интихоб карданд. Тоҷикистон либосҳои сафед ва Тимори Шарқӣ либосҳои сурх ба бар хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18-уми ноябр дар шаҳри Дарвин баргузор гашта, соати 11:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.