formula
Боз як мардумфиреб ба даст афтод
377

Баъзе аз нафарон худро фолбину мушкилкушо муаррифӣ намуда, мардумфиребиро барои худ як василаи рӯзгузаронӣ қарор додаанд.

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритус зимни як амалиёт муайян намудаааст, ки шаҳрванд Исимова Гулбаҳор, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи деҳаи Хокакии ҷамоати деҳоти Худойназар Холматови ҳамин ноҳия дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст.

"Исимова Гулбаҳор ба хотири ба даст овардани маблағи муфт ба сеҳргариву фолбинӣ машғул шудаву бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва калиду қуфл гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшад", - иттилоъ додааст Офоқи Қодириён, сухангӯи РВКД дар вилояти Хатлон.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Исимова Гулбаҳор барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД