Oila Navruz
БОЗ ЯК ҲУНАРМАНДИ ШИНОХТА ДУНЁРО ПАДРУД ГУФТ
4135

 

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов, ки бо нақшҳои ҷолиби ҳаҷвиаш дар дилу дидаи мардуми тоҷик маъво гирифта буд, субҳи имрӯз аз олам даргузашт. Дар ин бора ҳунаманд Аъзами Розиқ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хостааст.

Вақте исми Қиёмиддин Чақаловро ба забон мегирем, дар лабони хурду бузург беихтиёр табассум гул мекунад, зеро ин марди ҳунар ҳамеша дар саҳна мардумро аз ханда рӯдакан мекард. Ишқи ҳунар дар дили Қиёмиддин аз овони хурдсолӣ маъв гирифта буд. Ҳанӯз замоне, ки дар синфи 4-уми мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Файзобод таҳсилмекард, дар кружоки дастаи ҳаваскорони мактаб аъзо буд. Суруд мехонду саҳначаҳои ҳаҷвиро бо як маҳорати баланд иҷро мекард. Истеъдоди худододашро дида, ҳангоми дар синфи 6-ум таҳсил карданаш роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳия Ҷӯрабек Шарифов ӯро ба театр даъват намуд.

Ҳамин тавр Ҷӯрабек Шарифов, ки худ ғижакнавози беҳамто буд, устоди аввалини Қиёмиддин дар ҷодаи санъат гашт. Ӯ ҳар рӯз пас аз дарсба театр омадани Қиёмиддинро интизор шуда, бо ӯ соатҳо машқ мекард. Ҳамин буд, ки Қиёмиддин дар як муддати кутоҳ дар қатори ҳунармандони Хонаи маданият дар назди ҳаводорони шеъру суруд бо ровигӣ ва сурудхонӣ ва иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ машғул шуд.

Қиёмиддин пас аз хатми мактаби миёна мудати ду сол дар Хонаи маданияти ноҳия фаъолият кард. Соли 1964 ӯро барои хидмат ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват намуданд. Хизмати аскариро дар Ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қазоқистон адо карда, соли 1967 бо сари баланд ба ватан баргашт ва фаъолияташро дар театри Файзобод давом дод. Пас аз се сол ба факултаи актёри драма ва кинои Донишкадаи санъати Тоҷикистон дохил шуда, зери роҳбарии роҳбари курсашон Тамара Абдушукурова истеъдоди худро сайқал дод.

Дар курси охирин ҳамчун кори дипломӣ аҳли гурӯҳ асари Карл Галдуни “Арӯси таърифӣ”-ро ба саҳна гузоштанд. Намоишнома дар саҳнаи театри академи-драмавии ба номи Лоҳутӣ намоиш дода шуда аз ҷониби тамошобинон ва ҳакамон баҳои баланд гирифт ва Қиёмиддину чанд нафар ҳамсабақонашро барои кор ба ин театр даъват карданд.
Ҳамин тавр риштаи тақдири Қиёмиддин Чақалов бо ин театри овозадор пайваст ва ӯ зиёда аз 40 соли ҳаёташро дар ҳамин даргоҳ гузаронида, садҳо нақшҳои мондагор офарид.

Соли 1989 Қиёмиддин Чақалов дар намоишномаи “Муш ва гурба”, ки баъдтар “Қиссаи аҷибу ғариб” ном гирифт, нақши гурбаро иҷро мекард. Дар авҷи намоишнома якбора гурба- Қиёмиддин дилашро дошта, беҳуш шуда афтид. Тамошобинон гумон карданд, ки ӯ нақш меофарад, вале лаҳзаҳо мегузаштанду гурба дигар аз ҷояш намехест. Ҳамин тавр ӯро аз саҳна ба занбар бр карда ба бемористон бурданд. Қиёмиддин ба сактаи дил гирифтор шуда буд.



Азбаски ӯ бо санъати худ, ҳаҷви худ шифобахши садҳо беморон буд, саъю кӯшиш кард, ки пеш аз ҳама табиби хеш шавад. Иродаи қавии ҳунарманд бар марг ғолиб омад ва ӯ шифо ёфта, боз ба театр баргашт. Қиёмиддин ба бемориаш нигоҳ накарда, бо ҳунари нотакрори худ дар саҳнаҳои театру кино ва радиову телевизион баромад карда, мардумро аз ханда рӯдакан мекард. Дар муддати чил соли кор дар саҳнаи театрин ҳунарманди асил зиёда аз 60 нақши мондагор офарид. Нақшҳои кӯзагар аз намоишномаҳои “Роҳзан ва кӯзагар”, Боқӣ Раҳимзода аз “Аёдат”, Гурков аз “Гамлет”, Искандар аз “Чорсу”, Семён Пондолфо аз “Арӯси таърифӣ”, Тарано – Ғайратшоҳ аз “Духтари саркаш”, Сияҳсавор аз филми ҳунарии “Ашк ва шамшер”- Қассоб аз “Ҷазира”, муаллим аз “Муҷассамаи ишқ”, директории совхоз аз “Сароби хунин” намунае аз офаридаҳои Қиёмиддин Чақалов мебошанд. Ин марди сар то по ҳунар дар маҷмӯъ дар саҳнаи теат, телевизин ва кинои тоҷик беш аз 400 нақш бозидааст, ки номи ӯро дар дилу дидаи шиқони ҳунари асил абадан зинда медоранд.

Қиёмиддин Чақалов баъди чанд рӯз ба синни 76 қадам мегузошт, вале иллати қалб субҳи имрӯз риштаи умри ин ҳунарманди нотакрорро барканда, дар дили аҳли ила ва пайвандону мухлисонаш доғ ниҳод. Қиёмиддин Чақалов 28-уми апрели соли 1945 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, оиладор ва соҳиби 10 фарзанд буд. Ёдат ба хайр бод, марди ҳунар!

P/S
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ аз даргузашти Қиёмиддин Чақалов сахт андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд ва дар таҳаммули ин фоҷиа барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.


https://oila.tj/news/iemiddin-chaalovro-az-teatr-pesh-kardand

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД