Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе боз ду занро барои машғул шудан бо фолбинӣ ва сеҳру ҷоду боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе дар саҳифаи “Инстаграм” хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Сафарова Шамсияи 57-сола ва Мавзудова Фаридаи 46-сола ҳарду сокини пойтахт буда, тавассути карта ва дигар ашёҳо фол медидаанд. Ин ду зан худро ғайбдон вонамуд карда, шаҳрвандони гумроҳзадаву зудбоварро ба дом меафтонидаанд ва маблағи аз мизоҷонашон гирифтаро ба манфиати худ истифода мебурдаанд. Аз манзили истиқоматии ҳарду ашёҳое, ки барои фолбинӣ истифода мешуданд, дарёфт ва ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шудаанд.
Нисбати Сафарова Ш. ва Мавзудова Ф. протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, номбурдагон аз ҷониби суд ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаанд.