Кормандони милитсия се ҷавони аз 18 то 24-соларо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти вазнини куштор дар истгоҳи Маркази савдои “Тоҷикистон”-и пойтахт боздошт намудаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Яҳёев Миралӣ, Салимов Муслим ва Юнусов Умар ҳангоми дар истгоҳи Маркази савдои “Тоҷикистон”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанашон сокини 22-солаи шаҳри Душанбе Юсупов Аббосиддинро мавриди латукӯб қарор додаанд. Зимни муноқиша Яҳёев Миралӣ бо истифода аз корд ба қафаси синаи Юсупов А. як маротиба зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнин расонидааст. Дар натиҷа ҷабрдида Юсупов А. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Айни замон нисбати Яҳёев М. бо моддаи 104 ва нисбати ҳамроҳонаш бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти пешакӣ идома дорад.