Formula 2025 may
Боздошти марди 40-сола бо гумони сеҳру ҷодугарӣ
299

Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон як марди 40-соларо бо гумони сеҳру ҷодугарӣ боздошт намудаанд. Дар ин бора мақомоти милитсия хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, Зикриё Амонов сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён буда, бо фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ машғул будааст. Ин мард дар манзили истиқоматиаш занҳоро қабул карда, гӯё барои кушодани бахт, пеши кор ва табобати бемориҳои дар вуҷудашон буда, ба онҳо оби қайтарма медодааст. Амонов бар ивази оби дуохондааш аз мизоҷонаш маблағҳои пулӣ гирифта, ба манфиати худ сарф менамудааст.

Ҳамроҳи ин марди фолбин чанд нафар занҳои мизоҷаш низ ба идораи милитсия оварда шуда, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД