arzon replenishment
Боздошти падару модаре, ки кӯдакони хурдсолро бо ресмон мебастанд
250

Як рӯз қабл дар шабакаи иҷтимоии “ТикТок” наворе паҳн гашт, ки далели муносибати бераҳмонаи волидон нисбат ба кӯдакони хурдсол мебошад.

Дар навор дида мешавад, ки 2 кӯдаки хурдсолро дар як хонаи ифлос ва бетартиб бо ресмон маҳкам баста мондаанд. Кӯдаки якум ширмак буда, волидонаш ӯро дар гаҳвора бо ресмон бастаанд, кӯдаки дуюм тахминан 4-5-сола ба назар мерасад ва падару модар кӯдаки бечораро аз гардан ва дасту пойҳояш хеле сахт баста, баромада рафтаанд.

Дар навор зане худро Марҷона - ҳамшираи шафқат муаррифӣ намуда, мегӯяд, ки падару модарашон ҳар рӯз ин ду кӯдакро бо ресмон баста, баромада мераванд.

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе фавран аз пайи санҷиши навор шуда, волидони кӯдаконро пайдо кардаанд. Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, Менгибаев Нуралихон, соли таваллудаш 1967 ва Қурбонова Шаҳноза, соли таваллудаш 1993, кӯдакони хурдсолашонро дар манзили зисташон, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоев воқеъ гаштааст, ҳар рӯз бо ресмон баста, беназорат ва танҳо гузошта, аз паси кору бори худашон мерафтаанд.

Мақомоти милитсия бемасъулиятии онҳоро дар таълиму тарбияи фарзандон сабт кардаанд. Бо назардошти вазъи зиндагии оила бо волидайн корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар доираи қонун чораҳои дахлдор андешида хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД