Кормандони милитсия як марди 34-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғро бо гумони латукӯб ва куштори бераҳмонаи падари 67-солааш боздошт намудаанд. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, падар ва писар ҳарду сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар ҳолати мастӣ ҷангу ҷанҷол кардаанд. Дар ҷараёни ин моҷаро, писар падарро корд задааст ва бар асари ҷароҳати бардоштааш ӯ ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, ки пас аз содир намудани ин ҷинояти хунин гумонбаршуда ҷасади падарашро ба об партофтааст.
Айни замон нисбати ин мард бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Мувофиқи ин банди қонун ба боздоштшуда 15 соли зиндон таҳдид мекунад.