Formula 2025 may
Боздошти ронандае бо гумони ба мактаб бурдани кӯдакон дар ҳолати мастӣ
448

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе ронандаеро боздошт намудаанд, ки дар истифодаи маводи нашъаовар гумонбар дониста мешавад.

Дар хабар омадааст, ки Далер Гулови 36-сола ҳар рӯз маводи нашъаовар истифода бурда, дар ҳолати мастӣ сари чамбараки мошин нишаста, кӯдаконро ба мактаб мебурдааст.

“Санҷиш нишон дод, ки боздоштшуда пайваста маводи нашъаовари навъи метамфетаминро истифода мебурдааст, ки бо номи «кристалл» машҳур аст. Дар ҳолати мастӣ аз маводи нашъаовар сари чамбараки мошин нишаста, Гулов натанҳо ҳаёти худ, балки ҳаёти кӯдаконро низ зери хатар мегузошт”,- омадааст дар хабари Раёсати ВКД дар Душанбе.

Санҷиши ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД