Хайрӣ ба тамоми идораҳои дахлдор муроҷиат намуд. Вале ба доди ин зани танҳову камбағал касе намерасид. Ноилоҷ ӯ бо қалби шикаста фарзандонро гирифта дар хобгоҳи донишҷӯён фаррош шуду ҳамон ҷо хоначаеро иҷора гирифт.
Аз ғаму андуҳ дар як дам лоғар шуда, ҷавонзани 35-соларо аз зани миёнасоли 47-50-сола фарқ карда намешуд. Писари калонӣ ин ҳоли табоҳи модарро дида, пинҳонӣ хун мегирист. Назди ҳамсоязане, ки ҳар гуна шириниҳо пухта дар бозор бурда мефурӯхт, баромада, зориву илтиҷо намуд, ки пухтани торту пирожниро ба ӯ ёд диҳад.
Акнун Ҷаъфар ба ҳамсоязан дар пухтупазаш бемалол ёрӣ дода, кам-кам пул ёфта ба дасти модараш оварда медод. Модар аз ин ғамхории писар ҳам хурсанд буду ҳам ғамгин. Чунки писарашро наметавонист ба ягон мактаби олӣ дохил намояд. Шабҳо болишти аз ашк таршудаашро оғӯш карда, худ ба худ рози дил мекард:
- Алиҷони азизи дури дури ман. Ту куҷоӣ, бо кӣ ҳастӣ? Саломатиат чӣ хел бошад? Ба хотири он рӯзу соатҳои хушбахтиамон ҳеҷ гоҳ туро маломат намекунам. Чунки дӯстат медораму ҳанӯзам интизорам, ки ту гашта ба назди мо меоиву зану фарзандонатро соҳибӣ мекунӣ. Кадом ноаслу бадзот туро аз кӯйи одамгарӣ баровард? Охир, ту ману кӯдаконатро хеле дӯст медоштӣ ку. Намемондӣ, ки кори вазнинеро иҷро кунам. Пас ба ту чӣ шуд, ки азизтарин шахсонатро дар нимароҳи зиндагӣ сарсону ҳайрон гузоштаӣ? Камбағалию бепулӣ ҳарчанд азобам диҳад ҳам, боз шукр мегӯяму бо умеди рӯзи нек зиндагӣ мекунам. Вале хиёнати ту маро батамом аз пой афтонд. Дил месӯзаду мегиряд, таппишаш бештар мешаваду маро ба ёди гузаштаи ширин мебарад. Ишқат ку бо ман бегона гаштааст, пас чаро ёдат бо ман бегона намегардад? Аз зӯрии ишқ ҳатто шоира шудаам. Ҳангоми дӯхтани курта ва ё болишту курпачае (ӯ ба дӯхтан машғул шуда, нонпулиашро меёфт) беихтиёр аз забонам мисраҳои ишқии дардолуд берун меоянду гирякунон замзамаашон менамоям. Ҳатто дар дафтарчае гоҳ-гоҳ ба номи ту номаи ғоибона навишта, рози дил мекунам. Вале бо ин ҳама дилхомӯшкуниҳо дарди қалби сӯхтаи ман сабук намегардад. Чаро ман он тавоноиеро, ки дигар занҳо доранд, надошта бошам? Агар каме ҷуръат медоштам, наздат рафта, бо зӯрӣ аз гиребонат гирифта меовардам. Охир, ман ба ин ҳақ дорам. Қасами муҳаббату вафодории якумраро ману ту якҷоя хӯрдаем. Ай кӯрнамаки ишқ, биё зудтар ба наздам. Ҷозибаи муҳаббат худ дар бахшандагист. Барои ҳамин, ман тамоми гуноҳҳои туро хоҳам бахшид...
Интизориҳои Хайрӣ мева доду Алиҷон баргашта ба ватан омад. Хайрӣ қариб ки аз хурсандӣ дилкаф шавад. Ҳеҷ бовариаш намеомад, ки ин воқеа дар бедориаш бошад. Аз паҳлуи шавҳараш лаҳзае дур намерафт. Гумонаш, ки боз шавҳараш гурехта наравад. Вале шавҳараш ҳарчанд худро шоду хурсанд вонамуд кунад ҳам, ким-чихел ғамгину парешон менамуд. Аз чизе сахт дар ҳарос буд. Ранги заҳиру чашмони фурӯрафтааш аз беморие шаҳодат медод. Баъди ду ҳафтаи бозгашт яку якбора қарибиҳои субҳ саломатиаш бад шуда, рӯйи дастони Хайрӣ беозор ҷон дод. Пеш аз фавташ худоро шукр карда, дам ба дам мегуфт:
- Хайрият, ки мурдаам дар мулки рус намонд. Маро бубахш, агар тавонӣ. Нагузор, ки яке аз писаронамон барои мардикорӣ ба муҳоҷират равад.
Хайрӣ аллакай тамоми он интизориву раҳпоиҳои 12-соларо батамом фаромӯш карда, дар дил зиндагии навро бо шавҳари баргаштааш орзу мекард. Ҳеҷ гумон надошт, ки бахти баргаштаашро марг месӯзаду ӯ тани танҳо, бе ягон умеду орзу мемонад.
Шаҳлои НАҶМИДДИН