Бозии тими духтарони футболбози Тоҷикистон бо Ӯзбекистон мусовӣ анҷом ёфт
67

Дар даври дуюми мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими футболи бонувони то 18-солаи Тоҷикистон бо духтарони футболбози Ӯзбекистон рақобат намуданд, вале ба ягон даста муяссар нагашт, ки ба дарвозаи ҳарифи худ гол занад.

Бозӣ дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон гузашта, мусовӣ - 0:0 ба анҷом расид. Бозии дастаҳои Қирғизистон ва Туркманистон бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбоздухтарони қарғиз хотима ёфт.

Пас аз анҷоми даври дуюми мусобиқа духтарони тоҷик бо 4 хол дар зинаи дуюм қарор доранд. Тими бонувони то 18-солаи Қирғизистон бо 6 имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад.

Хотиррасон менамоем, ки дастаи духтарони то 18-солаи Тоҷикистон дар бозии аввал футболбоздухтарони Туркманистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД