Бозии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон мусовӣ анҷомид
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон мусовӣ кард. Вохӯрӣ 10 -уми ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид.
Дар ин рақобат футзалбозони тоҷик аввалин шуда ҳисобро боз карданд. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод Саломов ба самар расонд.
Бо вуҷуди бартарӣ дар ҳисоб, шогирдони Пайрав Воҳидов натавонистанд пирӯзиро нигоҳ доранд. Мизбонон ҳамагӣ ду сония пеш аз ҳуштаки ниҳоӣ гол зада, ҳисобро баробар карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали дӯстона, ки чанд рӯз қабл баргузор шуда буд, мунтахаби Тоҷики