toyota motors
Братан, Аловуддин, мурам ба ту...
19.04.2026
Oila.tj
41

Ёде аз ҳунарманди нотакрор Аловуддин Абдуллоев

Файласуфи шаҳир Ошо гуфтааст: «Бештар ханда карданро ёд бигиред. Ханда ҳам монанди ибодат муқаддас аст».

Ин нуктаро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон зиндаёд Аловуддини Абдулло, бе ягон тардид, сармашқи кору рӯзгори ҳаррӯзааш намуда, бо шӯхиҳои намакин ва созандааш дар муддати кӯтоҳ, вале ба таври ҷовидона дар дилу дидаи хурду калони гӯшаю канори кишварамон ва хориҷ аз он низ, маъво гирифт… Барояш маҳалу маҳалбозӣ бегона буд. Ӯ зода ва фарзанди тамоми минтақаҳои Тоҷикистон буд. Чӣ дар Суғду, чӣ дар Хатлон, чӣ дар Рашту чӣ дар Бадахшон ҳама ӯро баробар дӯст медоштанд.

Ошноӣ бо Аловуддин

Бо Аловуддин бори аввал моҳи майи соли 2007 шиносоӣ пайдо кардем. Ҳамроҳи коршиноси кинои тоҷик Сафар Ҳақдодов барои ба наворгирии филми ҳуҷҷатӣ ба муносибати 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ноҳияҳои ВМКБ омада буд ва мо тайи чанд рӯзи будубошаш дар Рӯшон ӯро мушоият намудем. Он замон шуҳрату маҳбубияташ мисли имрӯза набуд, вале мардум ӯро ҳамчун ҳунарманди ширинкор аз тариқи барномаҳои телевизионӣ мешинохтанд. Лаҳзаҳои зиёди аҷибу хотирмоне аз он аём дорем, ки дар ғунҷоиши ин матлаб нест.

Маротибаи дуюм дидори мо бо Аловуддини аллакай, машҳуру маҳбуби ҳамагон баъди ҳашт сол ба вуқӯъ пайваст. Моҳи декабри соли 2015 дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи мудҳиш сар зад, ки маркази он дар ҳудуди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон буд. Бар асари ин даҳшати табиӣ даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинони деҳоти Ҷамоати Савноб пурра ё қисман валангор гардиданд. Бо кӯмаки фаврии Ҳукумати Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ноҳияи Рӯшон садҳо осебдидагон тавассути нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ (чархболҳо) оҷилан ба маркази ноҳия интиқол дода шуда, дар хонаҳои мардум ва биноҳои идораву муассисаои давлатӣ бо анвои ғизо, либосу палос, сӯзишворӣ ва дигар ҷиҳози рӯзгор таъмин шуданд…

Ана, дар чунин лаҳзаҳои ҳассоси рӯзҳои сарди моҳи декабри ҳамон сол сафари гуруҳи ҳунарии Аловуддин бо намоишномаи «Девори нанг» ба ноҳияи Рӯшон иттифоқ афтод, ки ба қавли як зарофатгӯй, аз лиҳози вақту замон «не до шутка» буд, зеро роҳбарияти марказу вилоят ва ноҳия он рӯзҳои вазнин дар водии Бартанг қарор доштанд. «Болои сӯхта намакоб» автомашинаи ШКВД-и ноҳияи Рӯшон ба садама дучор гардида, боиси талафоти ҷонӣ ва моддӣ шуд. Аз ин рӯ, истиқболу гусели меҳмонони ҳунарманди труппаи Аловуддинро ба зиммаи кормандони бахши фарҳанги ноҳия ва рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон» вогузоштанд.

Девори нанг

Тасмим гирифта шуд, ки намоишнома на дар толори Қасри фарҳанг, балки дар Хонаи фарҳанги яке аз рустоҳои калонтарин ва ба маркази ноҳия наздик - деҳаи Дерзуд (зодгоҳи ҳунармандони шуҳратёри театр ва кинои кишвар - Хушназар Майбалиев ва Шералӣ Абдулқайсов) баргузор гардад.

Эълони намоишнома дар як рӯз, барқвор, аз даҳон ба даҳони сокинони деҳоти дуру наздики ноҳия рафт. Ҳатто зарардидагони зилзила, ки дар синфхонаҳои бинои мактаби деҳа навакак ҷо ба ҷо шуда буданд, бо шунидани номи Аловуддин, мушкилоти ба сарашон омадаро фаромӯш карда, ба Хонаи фарҳанг мешитофтанд. Одатан, дар фасли қаҳратуни зимистони Помир клубу хонаҳои фарҳанг аксаран сарду камодам ё ҳатто беодам ҳастанд, вале он рӯз хилофи чашмдошт дар толор, ба қавле «ҷойи сӯзанзанӣ набуд» ва аз ҳунари Аловуддин дилҳо гарм ва саршор аз шодию нишот шуданд.

Тамошобини сершумор ҳазлу шӯхиҳои навбатии Аловуддинро интизорӣ мекашиданд. «Девори нанг» асари мазҳакавӣ набуд, аммо ҳунару истеъдоди фавқулоддаи ин ҳунарманди беназир дар ҳамон лаҳзаю соат ҷисму ҷон ва ҳушу ёди тамошобинонро гӯиё афсун намуд. Ба толор нигариста, осори дилшодию умедвориро дар чеҳраи ҳар якашон баръало мушоҳида мекардем.

Дар фарҷоми намоишнома яке аз осебдидагони зилзила ба саҳна баромада, чунин арз дошт: «Соли 1943 шаҳри Сталинград дар муҳосира буд. Аз қаҳтию гуруснагӣ ҳар рӯз даҳҳо нафар ҳалок мешуданд, вале дар рӯзномаи як афсари баландрутбаи немис чунин сатрҳо сабт шуданд: «Русҳо ё девона шудаанд, ё руҳи бешикаст доранд, ки дар варзишгоҳи Маскав мусобиқаи футбол мегузаронанд.» Ва бо ифтихор изофа кард, ки иқдоми бародари гиромиамон Аловуддин низ бо аҳли ҳунараш шоистаи таҳсин аст, ки мо, зарардидагонро бо беҳтарин дорую дармон, яъне сухан таскину руҳбаландӣ бахшид».

Тамошобинон баъди ҷамъбасти ҳунарнамоӣ низ ин чеҳраи мондагорро дар саҳни Хонаи фарҳанг «муҳосира» карда, таҳсину офарин мехонданд, ба хона даъват мекарданд. Аловуддин бошад, бо табассуми хоса ва камоли хоксорӣ изҳори сипос мекард ва «насиб, насиб» мегуфт. Баногоҳ аз байн издиҳом ҷавонмарди ширакайфе хез зада, «Братан, Аловуддин, мурам ба ту» гуфта, бо оғӯши кушода пеш омад, аммо шариконаш аз ин «илтифот» ӯро боздоштанд. Аловуддин бошад, баръакс эрод гирифт, ки чаро ин «братан»-ро намондед, ки оғӯшаш гирам, шояд ба эҷоди боз як шӯхии дигар сабаб мешуд ва илова кард, ки аксари қаҳрамонони ман аз миёни мардум мебароянд.»

Дар ин лаҳза шахсе аз дур садо баланд кард: «Аловуддин, ними ҷаҳонро гашта, ба Боми Ҷаҳон омадӣ. Аз сардӣ наметарсӣ ё ягон чизатро дар ин ҷо гум кардаӣ?» Нигоҳ кардем - гӯянда як шахси мубталои касалии руҳӣ буд. Боз аз меҳмон узр пурсидем ва касе аз мухлисон нимшӯхию нимҷиддӣ хитоб кард: «Бародари Аловуддин, шумо ба дил нагиред. Дидед, ки дар Бадахшон шуморо ҳам масту ҳам девона мешиносанд ва дӯст медоранд.» Аз ин ҳозирҷавобӣ ҳамагон завқ бурдем.

Дар ҳалқаи бадахшониҳо

Дар суфаи хонаи суннатӣ бо ҳам як пораи нон ва армон мешикастем. Аловуддину ҳамкоронаш аз тамошои санъати меъмории хонаи урфии помирӣ, ки намунаи фарҳанги бостонии чандинҳазорсо-лаи ориёӣ аст, як ҷаҳон лаззат бурданд. Суҳбат сари дастархон тафсид. Аз сулҳу салоҳ, иттиҳоду бародарӣ, арзишҳои миллӣ, ҳувияту худшиносӣ, аз анвои санъату ҳунар, шеъру шоирӣ ва албатта, аз қудрату сеҳри мазҳака сухан рафт. Нафаре аз табақи мағзу мавиз донаи санҷидро гирифта, пурсид, ки онро ба русӣ чӣ мегӯянд. Ҳамагон хомӯш монданд. Ва ниҳоят яке аз ҳамроҳонамон садо баланд кард: «Бародарон, забони русӣ, забонест, ки агар аз аввалаш ҳозир набошӣ, он тарафашро на-ме-донӣ!» Аз ин ибораи машҳури яке аз шӯхиҳои Аловуддин ҳамагон мавҷи хандаро сар доданд.

Аловуддин ба суҳбат кам ҳамроҳ мешуд ва бештар мушоҳидакорона ва бодиққат гӯшу ҳуш мешуд ва бо эҳтиром сухани ҳар як мусоҳибро тасдиқ мекард.

Яке аз байни мо пурсид:

- Устод, чаро шумо аз Бохтар ба марказ - шаҳри Душанбе намеоед? Саҳнаи ҷавлони ҳунари нотакрори шумо театрҳои пойтахтамон астанд.

Ба ҷойи Аловуддин ҳамнишини паҳлӯямон шӯхиомез посух дод:

- Русҳо як мақоли хуб доранд: «Лучше быть Иван Иванович в селе, чем Ванка в городе».

Аловуддин аз ин ҳикмат ба завқ омад ва гуфт, ки «ана, ин шоҳгуфторро дар блокнотам менависам».

Вақт талаб мекард, ки хайру хуш кунем, вале дилҳо намехостанд, ки ин суҳбати дилнишин хотима ёбад. Қаҳрамон Оламҷонов (актёри имрӯзаи Театри «Аҳорун»), ки он замон мудири бахши фарҳанги ноҳия буд, баъди изҳори суханони самимона ба меҳмонон хулоса кард: «Медонумаш ҳамин, ки шумо, устоди азиз, Аловуддин, дар ҷодаи ҳунар марди фарди замонед ва намедонумаш ҳамин, ки кай ва кӣ ба шумо ҳамсон шуда метавонад». (ин нукта низ ишора ба шӯхиҳои Алувуддин аст, ки гуфта буд; «Медонумаш ҳамин, ки ягон рӯз ман мемурам, вале намедонумаш ҳамин, ки кай мемурам»). Бале, ба қавли орифе - «бузуртарин асрор марг аст» ва мо, ҳамагон дар ин дунёи фонӣ дар навбати сафари охират қатор-қатор саф кашидаем ва ҳеҷ кас ҳам қудрату ҷуръат надорад, ки пешхезӣ карда, ин тартибу низоми навбатро вайрон созад. Агар чунин иттифоқ меафтод, яқин, ки даҳҳо шефтагон ин ноздонаю нодираи миллатро, ки шояд дар сад соли оянда ҳам назираш пайдо нашавад, аз навбат барканор карда, худ ба ҷояшон меистоданд.

Мактаби ҳунарӣ ва эҷодиёти ин нобиғаи ҳунар бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш мунтазири таҳлилу таҳқиқоти коршиносон аст, ки мутмаинем, дер ё зуд ҷараён хоҳад гирифт...

Гиромидошти ҳунарманд

Бешубҳа, ин ҳунарманди фақид бо истеъдоди фавқулодда ва ҳунари қудсиаш дар радифи мақому мартабаи баланде қарор дорад, ки Макс Линдер, Чарл Чаплин, Аркадий Райкин, Юрий Никулин ва дигар ширинкорону базлагӯёни машҳури олам ҷой гирифтаанд. Муъҷиби ифтихору шодмонист, ки барои абадӣ гардондани номи неки ин ситораи пурҷилои осмони санъати Тоҷикистон Қасри фарҳанг ва Маркази иттиллоотии шаҳри Бохтар ба номаш гузошта шуда, нимпайкарааш низ бунёд гардид.

Меарзад, ки барояш муҷассамаашро бо маҷмааи қаҳрамонони «шӯхиҳояш» гузошт; 17 феврал, рӯзе ки марги нобаҳангомаш барқвор тамоми кишварро фаро гирифта, ҳамагонро мотамзада кард, ҳамасола ҳамчун Рӯзи ёдбуди Аловуддин пос дошта шавад; ҷоизаи давлатӣ ба номи ин ҳунарманди ноёби мазҳака ва драма барои ҳунармандони ширинкор таъсис ёбад.

Аловуддин акнун дар олами боло бо ҳунари қудсиаш ба фариштагон хандаю табассумро тақдим медорад. Ва мо, ҳамватанонашро бошад, ҳар субҳу шом бо ёдгории беназири худ - силсилабарномаи телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин”, ки билкулл, шомили Хазинаи тиллои телевизиони кишваранд, дар ҳоле ки ашк гулӯгирамон аст, мойили табассум, дилгарми зиндагӣ, умедвор ба ояндаи дурахшонтар, даъват ба ваҳдату ватандӯстӣ мекунад. Худованд роҳати руҳ ва ободии манзили охиратро барояш насиб созад!

Ин шеъргунаи шогирдона шаммае аз меҳру эҳтиром беандозаамон нисбат ба Аловуддини зиндаёд аст:

Ту дили ҷони ҳама, ҷони ҳама дар дили ту,

Гарму ширину малеҳ ҳар сухану маҳфили ту.

Сад рақам ҳарф задӣ, лек будӣ фарди замон,

Номи некат бувадо ҳадяву ҳам ҳосили ту.

Мо надонем нафаре мисли ту одию наку,

Ба сафи аҳли хирад бо ҳунарат шомили ту.

Феълу хӯйи ҳама тасвир кунӣ ранг ба ранг,

Дар адои ҳама кор мунфаилу фоилӣ ту.

Ҳамагӣ мунтазири шӯхии созанда будем,

Чӣ кунем, марг ба якбора бишуд қотили ту.

Меҳри ту дар дили мо, руҳи ту дар Хулди барин,

Поку осудаву обод бувад манзили ту.

Гарчӣ рафтӣ зи бару дидаи мо сӯйи само,

Дар дили халқи Ватан то ба абад комили ту.

Пайшанбе ДАВЛАТОВ,

Лутфишо ҚИМАТШОЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД