Юнониҳо халиҷи Балосро, ки дар ҷазираи Крит ҷойгир аст, ҳамин гуна, яъне "Бӯсаи се баҳр" ном мебаранд. Инҷо оби баҳрҳои Иония, Эгей ва Либия ба ҳам мепайванданд.
Одамон ба инҷо мераванд, то дар соҳили моломол аз қуми сафеди омехта бо заррачаҳои гулобӣ истироҳат ва дар оби нилобӣ шино кунанд.
Сафари 15-дақиқагӣ бо қаиқ касро ба ҷазираи Имери Грамвуса мебарад, ки метавонад қалъаи венетсиягӣ ва харобаҳои калисои асри 18-ро тамошо кунад.
Халиҷи Балосро сангҳо аз шамол муҳофизат мекунанд, бинобар ин, оби онҷо ором аст. Даромадан ба об қулай, қаъраш қум аст ва мавзеи амиқи он хеле дуртар аз соҳил оғоз меёбад, ки кӯдакон ҳам метавонанд бехатар шино кунанд.
Ҳамарӯза ҳазорҳо сайёҳон аз ин халиҷ дидан менамоянд. Барои дучор нашудан ба соатҳои асосӣ, яъне час пик, ба халиҷ саҳаргоҳон рафтан беҳтар аст.