Бунафша Файзиддинзода бо бонувони
тоҷик дар шаҳри Ню Йорк мулоқот намуд
Бунафша Файзиддинзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан CSW-70 ба Амрико сафар карда, ҳамзамон рӯзи 10-уми март бо занону духтарони тоҷики муқими шаҳри Ню Йорк вохӯрӣ намудааст.
Тибқи иттилоъи Кумитаи кор бо занон ва оила зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои занон ва ҷалби онҳо ба рушди соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифта, Бунафша Файзиддинзода таъкид намудааст, ки занону духтарони тоҷик, новобаста аз макони зисташон метавонанд бо ташаббус ва фаъолияти созанда дар муаррифии фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд.
Ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан рӯзи 9-уми уми март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк оғоз ёфта, то 19 март идома хоҳад кард. Бунафша Файзиддинзода дар ин чорабинии сатҳи баланд дар боби таҳкими ҳуқуқу имкониятҳои баробари занону мардон дар Тоҷикистон, баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, инчунин беҳтар намудани дастрасии занону духтарон ба таҳсил, хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва адолати судӣ маъруза намудааст.