Шумораи гирифторони намудҳои гуногуни бемории саратон дар ҷаҳон сол то сол меафзояд. Ба хотири пешгирии ин бемории вазнин ҳамасола садҳо тадқиқотҳо гузаронида мешаванд ва баъзе аз ин омӯзишҳои олимон исбот кардаанд, ки истеъмоли мунтазами хӯрокҳои муайян метавонад ба коҳиш додани раванди рушди ҳуҷайраҳои саратонӣ мусоидат намояд.
Қулфинай низ ба рӯйхати хӯрданиҳое дохил шудааст, ки саратонро коҳиш медиҳанд. Сирри асосӣ дар кислотаи эллагӣ (Эллаговая кислота) - як моддаи танзимгари ҳуҷайраҳо ниҳон аст, ки дар таркиби анор, чормағз ва буттамеваҳо, аз ҷумла қулфинай мавҷуд мебошад. Ин модда бо қобилияти беназири боздоштани мутатсияи ҳуҷайраҳои саратон хеле машҳур гаштааст. Қулфинай аз ин модда саршор буда, иммунитети инсонро пурқувват ва ҳуҷайраҳои саратониро несту нобуд месозад.
Олимон мегӯянд, ки бо сабаби зиёд будани консентратсияи витамини С, кислотаи эллагӣ, антосианин, кемпферол ва дигар моддаҳои муфиди дар таркибаш мавҷудбуда қулфинай метавонад рушди баъзе шаклҳои саратонро пешгирӣ намояд.