arzon replenishment
Бузичаи якчашма
663


Тавлиди бузичаи якчашмаро дар Ҳиндустон ҳамчун муъҷизаи Худованд қабул карданд. Айни замон бузича дар деҳоти Ассам қарор дорад.

Вақте ҷонвар ба дунё омад, соҳибонаш аз тарс дарҳол духтури ҳайвонотро даъват карданд. Байторон пешгӯӣ карда буданд, ки ҷонвар баъди чанд рӯз мефавтад, вале имрӯз бузича солим асту бо дигар ҳаммаслаконаш бозӣ мекунад.

Барои дидани бузичаи якчашма ҳамарӯза аз тамоми Ҳиндустон ба зиёрат меоянд. Мардуми маҳаллӣ бузичаро ҷонвари муқаддас шуморида, бо камоли майлу ифтихор онро ба меҳмонони аз дуру наздик омада нишон медиҳанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД