arzon replenishment
Бузургтарин маросими ҷаноза дар ҷаҳон
940


Овозхони мисрӣ Умми Кулсум, ки ҳамчун “Ситораи Ховар” низ шӯҳрат дошт, шабҳо баъд аз консерт пулдортарин ва субҳ, ки аз хоб бедор мешуд, бепултарин нафар буд.

Сабаб дар он аст, ки ӯ пулашро ҳамон шаб байни фуқарои Миср тақсим мекард ва чизе барояш намемонд.

Вақте ки соли 1975 Умми Кулсум аз олам даргузашт, барои видоъ бо ин зани дасткушод ва дарёдил он қадар одам омад, ки ба қавле сӯзанро партоӣ ба замин намерасид.
Маросими ҷанозаи ин овозхони мисрӣ бузургтарин ҷаноза дар таърихи ҷаҳон ба шумор рафа, дар он беш аз 4 миллион нафар иштирок доштанд.

Ҷолиб ин аст, ки шайх Абдулбосити Абдуссамад, бузургтарин қории ислом ҳам яке аз ҳаводорон ва тарафдорони ашадии ин хонум буда, ҳамеша оҳангҳояшро гӯш мекард ва он рӯз бисёр бо алам гириста буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД