sebiston july new
ЧАНД ҲОДИСАИ МУДҲИШ ДАР 2 РӮЗ
1628

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст, ки духтари 14 - сола аз деҳаи Обшорони шаҳри Ҳисор ҳангоми оташ гирондани балони гази табиӣ бадани худро сӯзонд. Оташи газ то 55 дарсад бадани як ноболиғро сӯзонд.

Ноболиғро фавран ба бемористон бурданд ва баъди муоина духтурон гуфтанд, ки 50 - 55 дарсади ҳиссаи баданаш сӯхтааст. Ҳоло ӯ дар беморхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе бистарист. Ба гуфти Кумита ин амал аз беэҳтиётӣ сар садааст ва ҷараёни ҳодиса маълум нест.

Ин чорумин ноболиғи ҷабрдида дар ду рӯз аст, ки бар асари беэҳтиётӣ ва беназоратии волидон талхии ҳаёт мечашад. Субҳи имрӯз дар бораи дар оби ҳавз ғарқ шудани ду ноболиғ дар Ванҷ низ сомонаи Кумита хабар чоп карда буд. Сокинон якеро наҷот доданд, вале дуюмӣ дар роҳи бемористон фавтид.

Ҳамчунин имрӯз як писари 17 - сола аз деҳаи Пушти Қурғони Панҷекат рӯзи 13 июли соли равон дар мавзеъи Обисанг чорво мечаронд, вале баногаҳ бедарак шуд. Рӯзи 14 - уми июл ҷасади ӯ пайдо шуд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Табибон баъди муоина маълум кардаанд, ки ин наврасро раъду барқ куштааст ва нишони ин ҳолат дар бадани ӯ аён буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД