toyota motors
Чаҳор дарси ҳаёт
11.05.2026
Oila.tj
90

Киштутӣ Арабистони Саудӣ рафт. Баъди муддате аз сафар баргашт. Дӯстони зиёде гирдаш ҷамъ омаданд ва суҳбати гарму гуворо оростанд.

Яке аз дӯстон пурсид:

- Чӣ тӯшае аз сафар овардӣ?

Гуфт:

- Тӯшае, ки ҳаргиз хор шудан нагузорад.

Пурсиданд:

- Чист он тӯша?

Гуфт:

- Он ҳикматест аз ҳазрати Алӣ, ки фармудааст: “Қироат кардам Таврот, Инҷил, Забур ва Қуръонро ва аз ҳар китобе ҳикмате бардоштам, ки онҳоро касе риоя кунад, наҷот ёбад, комилу сер бимонад, аз офат эмин, ҳеҷ зарурат ба муттакое надошта бошад”.

Пурсиданд:

- Чӣ ҳикмате бардоштӣ?

Киштутӣ ҳар кадоме аз ҳикматҳоро зикр кард ва шарҳ дод:

АЗ ТАВРОТ: «Ҳар кӣ сокит бошад, наҷот ёбад».

Яъне, забон мисли корд аст. Агар аз ғилоф берун шавад, ё нон мебурад, ё дил. Хомӯшӣ бошад, ғилофи корд аст. Ҳар кӣ хомӯширо ихтиёр кард, худро аз хунрезии сухан наҷот медиҳад.

АЗ ИНҶИЛ: «Ҳар кӣ қонеъ бошад, сер монад».

Яъне, неъмат ва хушбахтӣ на дар зиёд доштани дороӣ, балки дар қаноат, розӣ будан аст ба он чӣ, ки Худо додааст. Касе, ки пайваста чашм ба зиёдтар дорад, ҳамеша гурусна мемонад. Аммо касе, ки дилу дидаи худро бо қаноат ором мекунад, комилу сер мемонад.

АЗ ЗАБУР: «Ҳар кӣ тарк кунад шаҳватҳоро, солим бимонад аз офатҳо».

Яъне, шаҳват мисли оташ аст: агар онро дар танӯр нигоҳ дорӣ, сафою нур мебахшад, агар онро аз танӯр раҳо кунӣ, туро бо хонаат месӯзад. Тарки шаҳват туро аз хорӣ, беморӣ, хиёнат ва пушаймонӣ наҷот медиҳад.

АЗ ҚУРЪОН: «Ҳар кӣ таваккал ба Худо кунад, Худо барои ӯ кофист».

Яъне, агар дилатро ба Худо супорӣ, дигар ба ҳеҷ касу ҳеҷ чиз зарурат пайдо нахоҳӣ кард. Таваккал оромиши дил аст ва кафолати ризқу рӯзист. Пеши назар ор кӯдакеро, ки сахт дасти падар гирифтааст. Ӯ ҳарос надорад, ки роҳ ноҳамвор аст, ё торикӣ пеш омадааст. Зеро медонад, ки падар дасташро гирифтааст.

Таваккал дасти Худо гирифтан ва бо оромӣ роҳ рафтан аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД