Arzon march 2024
Чаро даҳон донача мебарораду месӯзад?
1048

 

Бемориҳое, ки хоси ковокии даҳон мебошанд, дар забони тиб илтиҳоби луопардаи даҳон ё ин ки бо забони русӣ  стоматит мегӯянд. Намудҳои зиёди ин беморӣ вуҷуд дорад, ки сабабҳои пайдоишашон гуногун мебошад. 

Даҳондарди шадиди герпетикӣ

Тибқи оморҳои тиббӣ аз бемории илтиҳобии лӯопардаи даҳон- намуди герпетикӣ бештар кӯдакони аз 1 то сесола азият мекашанд, ки зиёда аз 80 фисадро ташкил медиҳад. Ин намуди беморӣ дар миёни наврасон ва калонсолон камтар ба мушоҳида мерасад.

Даҳондарди герпетикӣ аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ буда, паҳнкунандаи он шахси бемор мебошад. Вирусҳо хосияти паҳншавӣ дошта, барои зиёд гардидани бемориҳои сироятӣ бо тамоси мустақим сурат мегирад. Ҳарчанд ин бемориро баъзеҳо сода шуморанд, вале дар асл кӯдак давраи бемориро вазнин мегузаронад, чунки ҳарорати бадан баланд шуда, гум шудани иштиҳо, сӯзиши доначаҳои пайдошуда дар ковокии даҳон ӯро азият медиҳад.

Волидон бояд кӯшиш кунанд, ки ҳарчи зудтар кудакро ба духтур нишон диҳанд ва бо маслиҳати онҳо саломатиашонро барқарор намоянд.

Даҳондарди замбурӯғӣ

Аз ин намуди стоматит бештар кӯдакони аз яксола боло ва пиронсолон, ҳамчунин, бонувон азият мекашанд. Ду сабаби пайдоиши беморӣ сироятёбӣ аз шахси бемор ва тавассути шамолхӯрӣ ё заифшавии ҷисм вуҷуд дорад.

Даҳондарди аллергикӣ

 

Даҳондарди аллергикӣ- илтиҳоби луобпардаи даҳон буда, сабабҳои пайдоишаш аксуламал аз маводҳои дорувориҳо, маводҳои ғизоӣ, буттамеваҳо мебошад. Дар давари беморӣ шахси бемор аз сӯзишу ҳолати ногувори даҳон шикоят мекунад. Нафари гирифтори стоматити аллергикӣ ҳатто ҳангоми нафаскашӣ ранҷ мекашад.

Даҳондарди афтозӣ

Стомати афтозӣ ду намуд-шадид ва музмин мешавад. Дар луобпардаи даҳон доғҳои сурх пайдо шуда, шакли шадиди он бо баланд шудани ҳарорат ва афзоиши гиреҳҳои лимфавӣ падид меояд. Пас аз як ҳафта, иннамуди даҳондард ба пурагӣ нест мешавад.

Даҳондарди катаралӣ

Стоматити катаралӣ шакли сабуки беморӣ маҳсуб ёфта, зуд-зуд пайдо мешавад, ки сабаби асосии он риоя накардани тозагии даҳон, бемориҳои дандон, дандонҳои ифлос пайдо мешавад. Пардаи луобии даҳон хушку дарднок мегардад. Дар сурати дар давоми 5-10 рӯз нагузаштани беморӣ табобатро ба мутахассиси бемориҳои рӯдаву меъда ҳавола менамоянд.

 

 Даҳондарди никотинӣ

Аз номаш маълум аст, ки сабаби пайдоиши ин намуди стоматит сигоркашии чандсола аст. Аксаран даҳондарди никотинӣ бедард зуҳур намуда, бо мурури вақт ба бемории онкологӣ-саратони даҳон мубаддал мегардад. 

Бояд донист!

Тарзи табобат аз сабабҳои пайдоиши илтиҳоби лӯобпардаи даҳон вобастагӣ дорад. Ҳангоми даҳондарди бактериявӣ табиб дорувориҳои антибиотикиро тавсия медиҳаду барои даҳондарди вирусӣ дорувории зиддивирусӣ, ҳангоми даҳондарди гиповитаминозӣ истеъмоли витаминҳоро. Тоза кардани пардаҳои луобии даҳонро бо антисептикҳо ва дорувориҳои таскинбахш табиб бояд нишон диҳад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД