sebiston july new
Чаро ду таксии ширкати «1111»-ро оташ заданд?
2083

Рашку ҳасуд ва хусумату бадбинӣ метавонад оламеро ба коми оташ кашида, натанҳо ба сари рақибон, балки ба сари худи одами ҳасуд низ мусибату бадбахтиҳои зиёде оварад. Рафтори як ронандаи беандеша, ки аз рӯйи хусумату бадбинӣ якбора ду мошини ширкати “1111”-ро оташ задааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Вазорати умури дохилии кишвар аз якбора ба коми оташ рафтани ду таксии ширкати “1111” хабар додааст. Тавре, ки манбаъ мегӯяд, ҳарду мошин бо ягон сабаби техникӣ оташ нагирифта аз ҷониби як ронадаи ҳасуди ширкати таксии “Сафар-Ориён” оташ зада шудаанд.
Ин ҳодисаи нохуш шоми 5-уми феврал, тахминан соатҳи 02:43-и шаб сар зада, дар ҳудуди истгоҳи нақлиётии ҶДММ «Сафар Ориён», машҳур бо номи «Такси 1111» дар кӯчаи Айнии шаҳри Бохтар якбора ду мошини сабукрави мусофиркашонии тамғаи «Опел-Зефира», мутаалиқ ба сокини ноҳияи Кӯшониён Акмал Абдураҳмонов ва “Опрел-Вектра”-и Умед Юсупов, сокини ноҳияи Вахш оташ гирифта, дар рафти тафтишот маълум гаштааст, ки ин мошинҳо қасдан бо мақсади несту нобуд кардан оташ зада шудаанд.
Барои ошкор кардани ин ҷинояти вазнин гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди вилояти Суғд, дар гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳобод, зимни фирор намудан аз ҳудудуи ҷумҳурӣ ва пинҳон шудан аз тафтишоти пешакӣ гумонбаршуда Тешаев Исроил Зоҳидҷонович, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Баҳор, хонаи 223, оиладор соҳиби 3 фарзанд дастгир карда шудааст.
Тавре ки манбаъ менависад, Исроил Тешаев собиқ ронандаи ҶДММ «Сафар Ориён», машҳур ба «Такси 3333» буда, аз рӯйи бадбинӣ ва хусумат нисбати ронандагони ин ширкат ду мошинро оташ задааст. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати Тешаев бо қисми 2-и моддаи 255-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд ва тафтишти ин қазия идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД