Sebiston new 2024 october
Ишқи духтари раис маро ғариб кард, вале...
13.10.2024
ОИЛА.ТҶ
4993

Салом! Ман, як ҷавони муҳоҷир, аз шаҳри Тюмени Русия мехоҳам қиссаи сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Ман дар оилаи камбағал ба дунё омада, бе падар ба воя расидаам. Падарам зиндаву саломат бошад ҳам, замони 4-5-сола буданамон моро партофта, бо зани дигар хонадор шудааст. Ҳамин тавр, мисли сағераҳо дар дари хонаи бобою бибии модариам зери мушту лагади тағову янгаҳо ба воя расидем.

Модарам бисёр зани баномус буд ва дар як вақт дар ду ҷо кор мекард, то ки ман ва ду хоҳарам аз чизе танқисӣ накашем. Раҳматӣ бобоям чандон одами бад набуданд, вале бибиам алами бадбахтии духтарашро аз мо - се кӯдаки бегуноҳ гирифта, бо ҳар баҳона моро мезад ва дуоҳои бад мекард. Бибиам се сол пеш аз олам гузаштанд.

Хулоса, мисли Меҳрубони бепадар бо сад ранҷу азоб калон шудем. Дониши ман чандон бад набуд, аммо ба хотири каме ҳам бошад сабуктар кардани бори дӯши модарам, баъди хатми мактаби миёна роҳи Русияро пеш гирифтам. Ҳафт сол мешавад, ки дар муҳоҷират ҳастам ва дар як сохтмон кор карда, ҳар моҳ ба модару хоҳаронам пул мефиристам. Шукри Худо корам хуб аст, пули нағз мегирам. Дар ин миён хоҳари калониамро ба шавҳар доданд. Бепадариашро ҳис накунад гуфта, ҳар чизе, ки дилаш хост, барояш харида додам. Модарам бисёр зани сарфакор аст, пулҳои равон кардаамро беҳуда сарф намекунад. Як порча замин гирифта, хона сохтем. Айни замон болои хонаро пӯшондем, вале барои таъмири дохилаш боз камтари дигар пул кор кардан лозим аст.

Росташро гӯям, ман як духтари зебоеро, ки дар ҳамсоягии бобоям зиндагӣ мекунад, дӯст медорам. Падараш дар як идораи бонуфуз кор мекунад ва ба қавли маъруф раис аст. Модарамро чанд бор ба хонаашон хостгорӣ фиристодам. Аввал розӣ нашуданд, аммо баъд духтар падару модарашро ба гап дароварду розигӣ доданд. Як сол боз дар фотиҳа ҳастем. Ман пули қалинро алакай ба тарафи арӯс бурда додам. Мехоҳам таъмири хонаро ба анҷом расонида, мебел ва қолину палос харам, баъд аз паси тӯй шавам, вале тарафи арӯс хеле саросема ҳастанд. Ба модарам гуфтаанд, ки ба писарат бигӯ, ки ҳамин сол тӯй кунад ё мо фотиҳаро мегардонем. Ба гуфти худашон, гӯё қариб ҳар ҳафта ба духтарашон ягон хостгор меомадааст. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки ман ҳозир корамро партофта рафта наметавонам, намефаҳманд. Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам. Қарз гирифта, тӯйро гузаронаму баъд дигар кори хуб наёбам, натанҳо худам, балки арӯсам ҳам азият мекашад, қарз нагирам, метарсам, ки фотиҳаро гардонда, духтари дӯстдоштаамро ба каси дигар медиҳанд. Намехоҳам баъди тӯй дар иҷорахона ё хонаи хешу табор зиндагӣ кунем. Орзу доштам, ки хонаамро мисли гул зебо карда, арӯсамро рост ба хонаи худам барам, вале тарафи духтар ду пояшро ба як мӯза андохтаанд, ки зимистон нашуда, тӯй мекунӣ ё фотиҳаро мегардонем.

Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

ФАТТОҲҶОН, аз Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД