Arzon march 2024
Чаро марди 53-сола шишаҳои 12 мошинро шикаст?
645


Дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он шикастани оинаҳои автомашинаи шаҳрвандон аз ҷониби марде тасвир ёфтааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки шахси дар навор инъикосёфта, шаҳрванд Одинаев Кенҷахон Сайдамирович, санаи таваллудаш 30.06.1970, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов будааст.

Номбурда рӯзи 15-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 01:00 шаб дар ҳолати мастӣ дар маҳаллаи Зарафшон оинаҳои 12 мошини шаҳрвандонро шикаста, бо ин амали барқасдонааш ба соҳибмулкони воситаҳои нақлиёт дар умум наздики 20 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

Айни замон гумонбаршаванда Одинаев Кенҷахон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) санҷиши пешакӣ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД