sebiston july new
Чаро мо худ ба худ гап мезанем?
786

Гоҳҳо дар кӯча, бозор, хиёбон ё маскани дигар одамонеро мебинем, ки худ ба худ гап зада, пойбанди хаёлот роҳ мераванд. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё вақти охир чунин ҳолат дар байни одамон то ҳадде афзудааст. Ҳатто мешавад, ки худи мо ҳам гоҳо дар роҳ зери лаб сурудеро замзама менамоем ё бо худ гап мезанем ё ки бо нафаре «сӯҳбат»-и хаёлӣ анҷом медиҳем.

Ҳеҷ фикр кардед, ки чаро одамон худ ба худ гап мезананд? Оё ин аломати ягон беморӣ аст? Психиатрҳо дар мавриди худ ба худ гап задани одамон чӣ гуна нуқтаи назар доранд?

Шахси аз ҷиҳати рӯҳӣ солим низ мумкин худ ба худ гап занад. Ин беморӣ ҳисоб намеёбад ва бо ҳолати равонии инсон вобаста мебошад. Шахсе, ки худ ба худ гап мезанад, бо ин васила диққати худро ташаккул дода, хотираашро мустаҳкам мекунад. Бовариашро нисбати хеш зиёд менамояд.

Дар баъзе мавридҳо, худ ба худ сӯҳбат кардан ёрии психотерапевтӣ мерасонад. Инсон дар ҷараёнҳои гуногун, яъне тарс, изтироб, афсурдаҳолӣ худро бо ин роҳ ором менамояд, рӯҳияи худро беҳтар месозад.

Аммо ба ин ҳолат набояд беэътибор шуд. Чунки дар баъзе бемориҳои рӯҳӣ низ аломати худ ба худ гап задани одамон мушоҳида мешавад. Дар психиатрия ин ҳолатро галлютсинатсияи шунавоӣ мегӯянд. Яъне шунидани овози шахсе, ки ба назар ноаён аст ва дар атроф вуҷуд надорад.

Ба маънои дигар, дар мағзи сар овози ноошноро эҳсос кардан. Шахси бемор бо ҳамин овоз сӯҳбат карда, ба суханҳояш ҷавоб медиҳад. Зери таъсири галлютсинатсия ба гӯши бемор овозҳои амркунанда мерасанд. Дар чунин ҳолат ӯ метавонад нисбат ба атрофиён ё ҳаёти худ рафтори хатарнок содир намояд.

Ин ҳолат бештар дар гирифторони бемориҳои рӯҳӣ рӯй медиҳад. Аз ин рӯ, вақте одам худ ба худ гап мезанад, бояд ба ин ҷараён боэътибор бошад. Агар ин монологи дохилӣ бетарафона бошад, хуб аст. Агар баръакс, бояд ба шифокор муроҷиат кард.

Бино ба маълумоти коршиносони соҳа, агар одам бо худ дуруст сӯҳбат карданро омӯзад, ин ҷараён ӯро аз мақсадаш дур намекунад, балки баръакс, ба фаъолияти тафаккур ва умуман самаранокии он мусоидат менамояд.

Мутахассисони соҳа бар он ақидаанд, ки чунин ҳолат дар бачаҳои хурдсол, бахусус, яккафарзандҳо бештар мушоҳида мешавад. Доираи тахайюлоти чунин бачагон рангин буда, волидон руҳияти онҳоро дуруст равона созанд, қобилияти ихтироъкории онҳо ривоҷ меёбад ва дар оянда ба комёбиҳои бештар ноил мегарданд.

Вақте ки дар олами беруна дӯстони чунин бачагон меафзояд ва сӯҳбат бо онҳо зиёд мешавад, дар онҳо ҳолати худ ба худ гап задан тадриҷан кам мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД