formula
Чаро сари кӯдакон шабушк мезанад?
1012

 

Ба наздикӣ мӯйи сари духтарчаи хурдсолам шабушк пайдо кардаасту ман бехабар мондаам. Кор ба ҷое расид, ки аз мӯйи сари худам низ шабушк рехт. Ростӣ, дар ҳолати асабонияти шадид қарор дорам.

Духтарчаам низ иштиҳояш баставу инҷиқ шудааст. Аз тамоми маҳлулу воситаҳо истифода бурда, шабушкро тоза кардам, вале ҳайрон мондаам, ки шабушк аз куҷо пайдо шуда бошад. Охир ман зани тозакор ҳастаму ба тозагии фарзандонам диққати хоса медиҳам. Метарсам, ки шабушк дубора пайдо нашавад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Нозанин, шаҳри Душанбе.

Ҳарчанд шабушккуниро хоси аҳолии бенаво шуморанд ҳам, сироят ёфтан аз он ниҳоят осон аст. Шабушк ҳатто дар мӯйи сари одамони сарватманду тозатабиат ҳам пайдо мешавад. Ин паразитҳои хурд ниҳоят сернасланд. Шабушк паразити хунмак аст. Он на парида метавонаду на ҷаҳида, лекин дар давидан ниҳоят чаққон аст. Аз ин лиҳоз, шабушк ба зудӣ аз як кас ба каси дигар мегузарад. Бештар кӯдакон гирифтори шабушк мегарданд. Нишонаи асосии шабушк задани мӯй хориши сар аст. Пас аз шонакунии мӯй эҳтимоли пайдо шудани газак вуҷуд дорад. Бар замми ин, гумшавии иштиҳо, бехобӣ ва бар асари он халалёбии системаи асаб сар мезанад.

Тозакунии мӯй осон аст?

Тоза кардани мӯй аз шабушк он қадар кори душвор нест. Пештар роҳи халосиро дар тарошидани мӯйи сар медиданд. Ин усул самарабахш бошад ҳам, вале на ҳама аз мӯйҳои зебояшон маҳрум шудан мехоҳанд. Алъон, дар дорухонаҳо маҳлулҳои зиёди зидди шабушкро мефурӯшанд. Ҳамаи ин маҳлулҳо самаранок ҳастанду бехатар. Аз паразитҳо бо кӯмаки ин дорувор бо осонӣ халос мешаведу эҳтимоли дубора гирифтори он шуданатон хеле кам мегардад.

Воситаҳои халқии халосӣ аз шабушк

Дирӯз дар сомонаи Оила. ТЧ дар бораи шабушк задани сари кӯдакон як мақола хондам. Дар он ҷо маслиҳат дода буданд, ки барои халосӣ аз шабушк аз доруҳои кимиёвӣ истифода баред. Сари духтарчаи ман ҳам шабушк дорад, вале бо сабаби аллергия доштанаш метарсам, ки ба сараш дору молам. Ягон давои халқие нест, ки шабушкро нест кунам?

Посух
Новобаста ба он ки фармокология ин мушкилро ниҳоят хуб ҳал мекунад, имрӯз низ аксарият пайрави воситаҳои халқӣ ҳастанд. Киросин ва сирко (уксус) шабушкро нобуд месозанд, вале ришк -тухми шабушкро нест карда наметавонанд. Мӯйи сари духтаратонро бо маҳлули иборат аз 1/2 оби гарм ва 1/2 сирко обгардон кунеду сипас ба сараш кӯлоҳча пӯшонед ва 15-20 дақиқа нигоҳ дошта, баъд шӯед ва шона занед. Зарур ояд, баъди як ҳафта муолиҷаро такрор намоед.
Равғани зайтун ҳам барои нест кардани шабушк давост. Ба мӯйи тар равғани зайтун молида, муддати 8-9 соат нигоҳ доштан лозим аст. Пас аз ин сарро шуста бо шонаи майдадандон шона мекунанд.
Барои пешгирии такроран шабушк задани сари кӯдакон ба тозагӣ риоя кардан лозим аст.

 

Беҳтарин тадбири пешгирикунандаи шабушк-риояи гигиенаи шахсӣ аст. Аз либосу ашёи дигарон истифода набаред. Ба диққати бонувоне, ки аз маҳлулҳои дорухонагӣ истифода бурданро авлотар медонанд, мерасонем, ки шабушк ба моддаҳои кимиёвии дар таркиби дорувориҳои зидди шабушк истифодашаванда тобовар мегардад. Олимон муайян сохтаанд, ки модаҳои кимиёвии таркиби ин дорувориҳо таҳриккунандаи бемории саратон мегарданд. Бо ҳамин сабаб, аксарият аз воситаҳои табиӣ истифода бурданро авлотар мешуморанд.

Тарзи истифодабарии маҳлулҳо

Аввалан мӯятонро бо шона ҳамвор созед. Маҳлулро мувофиқи нишондоди дар тамғакоғаз қайдшуда ба мӯйҳоятон молед. Мӯҳлати дар нишондод қайдшуда, ки гузашт, бо шона мӯятонро шона кунед, то ки шабушку ришкҳои мурдаро резонед.

Бо шампуни оддӣ сар шуста, мӯятонро бо сирко (уксус)-и 2% тоза кунед. Сирко ширешеро, ки тухми шабушкро ба мӯй мечаспонад, тоза мекунад.

Давоми чанд рӯз пайи ҳам мӯятонро шона кунед. Мабодо шабушки зинда пайдо кардед, маълум мешавад, ки маҳлули интихобнамудаатон таъсир намекардааст. 7-8 рӯз пас аз мӯйҳоятонро аз назар гузаронед, агар шабушки зинда ёфтед, амалиётро такрор намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД