sebiston july new
Чаро сари мард сабӯсак мекунад?
480



Сабӯсак нишонаи чалфасӣ аст ё беморӣ?
Чаро сари мард сабӯсак мекунад? Магар сабӯсак нишонаи чиркинакии мард аст?

Сабӯсак аз чӣ пайдо мешавад ва барои халосӣ аз он чӣ бояд кард? Имрӯз мо кӯшиш менамоем, ки ба ҳамин саволҳо ҷавоб гуфта, ба тамоми мардоне, ки аз сабӯсак ба дод омада, чӣ кор карданашонро намедонанд, ёрӣ расонем.

Вақте ки мард асабӣ мешавад…
Ғизои нодуруст, истеъмоли аз ҳад зиёди шириниҳо ва хӯрокҳои равғанину бирёнии пур аз карбогидрат боиси халалёбии мубодилаи моддаҳо дар ҷисми мард гашта, дар натиҷа дар сар сабӯсак пайдо мешавад. Асабонияти сахт ва фишори руҳӣ метавонад сари мардро пур аз сабӯсак гардонад. Тамоми мушкилот ва ғаму андуҳи худро дар дил пинҳон намуда, мард ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеорад, ки ин ҳама ба ҷисми ӯ бе таъсир намемонад. Дар натиҷа хастагии равонӣ дар ҷисми мард ҷамъ шуда, боиси ба касалиҳои гуногун гирифтор гаштани ӯ ва пайдо шудани сабӯсак дар сараш мегардад.

Дору хӯред!
Пас аз ягон ҳодисаи нохуш ва ё фишорҳои пай дар пайи руҳӣ дар сари шумо сабӯсак пайдо шуда бошад, беҳуда пул сарф карда, шампуни зидди сабӯсак нахаред, чунки то асабатонро ором насозед, аз сабӯсак халос шуда наметавонед. Ба дорухона рафта, доруҳои таскинбахши асабу витамин харед ва аз паси табобати худ шавед. Кӯшиш намоед, ки бештар дар ҳавои тоза сайругашт намуда, нағз дам гиред. Асабҳоятон, ки ором шуданд, сабӯсак худ аз худ нест мешавад.

Ҳормон гунаҳкор аст, агар…
Вақте кори ҳормонҳо дар ҷисми мард халалдор мегардад, пӯсти рӯй ва мӯйи сар равғанин мешавад. Дар сурати сари вақт аз пайи табобат нашудан вайроншавии сатҳи ҳормонҳо шуморо ба бемориҳои узвҳои ҷинсӣ гирифтор хоҳад кард, ки он мардро то безурриётӣ мерасонад, бинобар ин, зуд аз паси табобат шавед.

Тозагӣ-балои ҷон
Сабӯсак аслан касалии мардҳои олуфта аст, зеро дар сурати зуд –зуд шустани сар қабати муҳофизатии сар вайрон гашта, ғадудҳои чарбӣ фаъол кор мекунанд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи аз ҳад зиёд олуфтагӣ кардан дар сари мард сабӯсак пайдо мешавад. Аз ҳамин сабаб ба мардон зуд-зуд шустани сар тавсия дода намешавад.

Шампуни занона нахаред!
Иддае аз мардон ончунон бепарво ҳастанд, ки агар шампуни худашон тамом шавад, бе истиҳола бо шампуни зан ё хоҳарашон сар мешӯянд. Ин бисёр одати бад аст. Гап сари он аст, ки ҷисми мард аз ҷисми зан куллан фарқ дорад. Истифодаи шампунҳое, ки махсус барои занҳо истеҳсол гаштаанд, метавонад боиси пайдо шудани сабӯсак дар сари мард бигарданд. Аз фен ва лаку мусҳое, ки боиси хушкшавии пӯсти сар мегарданд, истифода набаред.

Ретсептҳои хонагӣ
Барои саршӯйӣ оби ҷушондашудаи гармакро бояд истифода бурд, зеро оби аз ҷумак меомада дурушт (сернамак) аст. Дар ҳавои сард сари луч нагашта, кӯшиш кунед, ки пӯсти саратонро дар ҳама фаслҳои сол аз гармохунукшавӣ эмин нигоҳ доред.

Оби пиёз молед
Як дона пиёзро аз турбтарош гузаронида, обашро ба саратон молед ва 2 соат сабр кунед, сипас ба саратон равғани эфири лимӯ ё лаванда молед. Мӯйи саратонро баъди ин бо оби сиркодошта бе собун шӯед, то бӯйи пиёз рафъ гардад.

Сирко ва лимӯ
Аз сабӯсак халос шудан хоҳед, дар 2 литр об 2 қошуқча сирко ё шарбати лиму андохта, баъди саршӯӣ мӯйи саратонро бо ин об обгардон кунед.

Равғани беданҷир
Ба касоне, ки аз сабӯсаки сар азият мекашанд, маслиҳат медиҳем, ки ҳафтае 3 маротиба ба пӯсти сарашон равғани беданҷир (касторовое масло) моланд. Пас аз 20-30 дақиқа сарро нағзакак шустан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД