sebiston july new
Чаро Вазорати тандурустӣ то ҳол хомӯш аст?
11243

 

Паҳншавии вируси тоҷдор-карона-вирус дар кишвари Чин ба мавзӯи марказии матбуот ва дигар васоити ахбори омма табдил ёфтааст.
Қариб тамоми шабакаҳои радиоиву телевизион ва сомонаҳои иҷтимоӣ имрӯз дар саросари ҷаҳон аз боби ин вирус ва гирифторону қурбониёни он ҳарф мезананд. Оё хавфи гузаштани ин вирус ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Вируси тоҷдор асосан дар шаҳри Вуҳани Чин доман паҳн намудааст ва аз рӯйи баъзе маълумотҳо шумораи гирифторони ин беморорӣ ба 4000 нафар мерасад. Ин вируси хафнок аллакай ҷони беш аз садҳо нафарро рабуда, ҳар рӯз бо суръати дучанд хурӯҷ менамояд. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ ба дигар минтақаҳо мақомоти Чин дар шаҳри Вуҳан карантин эълон кардааст. Бар асари ин иқдоми ҳукуматдорони чинӣ рафту омад ба ин шаҳр хеле душвор ва ҳатто номумкин гашта, донишҷӯёни тоҷик, ки дар Вуҳан таҳсил менамоянд, дар ҳоли табоҳ мондаанд. Бо сабаби эълон шудани карантин дар тамоми шаҳри Вуҳан донишҷӯён имкони аз ҳуҷраҳои худ дар хобгоҳ баромаданро надоранд,аз ҷониби дигар нарху навор дар бозорҳо хеле баланд рафта, дастрас намудани маводи озуқаворӣ барои донишҷӯёне,ки дар киссаҳояшон бод таронаи нодорӣ месарояд, торафт душвортар мегардад. Ҳоли тоҷирону сайёҳони ба ин шаҳр сафаркарда низ аз донишҷӯён беҳтар нест, аммо...


МАРГИ ЗАНИ 50- СОЛА АЗ ГРИПП

 


Мушкили асосӣ он аст,ки сарфи назар аз тамоми чораҳои андешида шуда ин вирус ба дигар кишварҳо низ доман паҳн карда истодааст. Чин ҳамсояи наздики Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз касе пӯшида нест, ки мо бо Хитой сарҳади дуру дароз дорем, дар баробари ин муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо Чин хеле вусъат ёфта, аз ин кишвар ба бозорҳои мо молу маҳсулоти зиёде ворид мешавад. Беш аз 3500 нафар ҷавонони тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳои Чин таҳсил менамоянд, ғайр аз ин, ҳамарӯза садҳо нафар тоҷирон бо мақсади тиҷорат ва саёҳат ба Чин сафар менамоянд.

Магар рафту омади зиёд ба ин минтақа хавфи аз Хитой ба Тоҷикистон доман паҳн кардани ин бемориро афзун намегардонад?

Дар кишввари мо гирифторони карона-вирус бақайд гирифташудаанд ё не?

Вируси тоҷдор аслан чи гуна беморист ва чӣ хавфу хатарҳо дорад?

Оё хабари ёфт шудани ваксина аз карона –вирус ҳақиқат дорад?

Барои пешгирӣ аз хурӯҷи ин беморӣ чи чораҳо андешидан лозим аст?

Барои ба ин саволҳо ҷавоби дақиқ пайдо намудан хабарнигорони сомонаи Oila.tj ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон занг заданд. Аз маркази матбуоти ин вазорат ба мо рақамҳои мутахассисси шуъбаи тестӣ Зокироваро дода, таъкид намуданд, ки ин мавзуъро танҳо номбурда шарҳ дода метавонад. Хабарнигорони сомонаи Оила расо 12-маротиба ба ин рақамҳо занг зада бошанд ҳам, Зокирова телефонашро набардошт. Вақте ки мо ин хабарро омода мекардем, худи Зокирова ба идораи сомонаи Oila.tj занг зад, вале чун арзи мақсуд намудем, бо баҳонаи дар сабти телевизонӣ қарор доштанаш телефонро хошӯш намуда, дигар ба зангҳои пай дар пайи хабарнигорони мо ҷавоб надод.

Ин фориғболии намояндаи вазорати тандурустӣ дар ҳолест, ки овозаи ба Тоҷикистон доман паҳн кардани корона-вирус имрӯз дар тамоми гӯшаву канорҳои пойтахт ва навоҳии гирду атроф барқсон паҳн гашта истодааст ва ҳатто иддае иддао доранд, ки аллакай ду нафар аз ин бемории хавфнок ҷон бохтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД