Дар шаҳри Дубайи АМА Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс идома дорад ва рақобатҳо то ба марҳилаи нимниҳоӣ расиданд. Дар рӯзи ҳаштуми мусобиқа Акмал Убайдов аз Тоҷикистон ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид. Ин аввалин медали Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳони бокси соли 2025 мебошад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Қаҳрамони Осиё дар соли 2024 Акмал Убайдов дар вазни 60 кг бо рақобатҳои ҷолибу мондагорӣ худ тавонист аввалин медалро дар корномаи муштзаниаш ба даст орад. Убайдов дар марҳилаи аввали рақобатҳо озод буда, дар даври дуюм намояндаи Англия Моҳамад Меҳдӣ Саҳакро дар раунди сеюм тариқи нокаут мағлуб намуда, ба марҳилаи ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.
Акмал дар даври ҳаштякниҳоӣ бо намояндаи Македония - Ален Рустамовский нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад ва ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳашро ҳамвор намуд.
Убайдов дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Қазоқистон - Серик Темиржанов нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон (5:0) ғолиб омад ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ Убайдов бо Всеволод Шумков аз Русия нерӯсанҷӣ кард. Дар ин сабқат қарори доварон ғолибро муайян кард. Шумков бо қарори доварон (5:0) ғалабаро бар Акмал ба даст оварда, ба финал баромад. Убайдов соҳиби нишони биринҷӣ ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 75 000 доллар гардид.
Мавриди зикр аст, ки соли гузашта, рӯзи 11-уми декабр Акмал Убайдов қаҳрамони Осиё дар вазни 60 кг дар Тайланд шуда буд. Дар финал Убайдов бар намояндаи Ҷопон Сота Накайама бо қарори ҷудогонаи доварон (4:1) ғалаба ба даст овард.
Ҳамин тавр, пас аз 5 сол Акмал Убайдов барои Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё медали тило овард. Охирин маротиба Баҳодур Усмонов соли 2019 аз Чемпионати Осиё соҳиби медали тило шуда буд.
11-уми декабр Акмал Убайдов дар Чемпионати ҷаҳонии бокс дар Дубай соҳиби нишони биринҷӣ гардид ва ин сана барои муштзани кишвари мо рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда хоҳад буд.
Қаблан дар таърихи бокси Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон Абдусалом Ҳасанов (57 кг) соли 2003 дар Бангкок, Шералӣ Достиев (48 кг) соли 2005 дар Мянян, Анвар Юнусов (56 кг) соли 2011 дар Боку, Мавзуна Чориева (60 кг) соли 2012 дар Синхуандао ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соли 2023 дар Тошканд соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буданд.