Чемпионати ҷаҳонии бокс-2025: Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи беҳтаринҳо
15.12.2025
Oila.tj
101

Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс дар соли 2025 дар шаҳри Дубайи АМА ба анҷом расид. Мусобиқа аз 2-юм то 13-уми декабр миёни беҳтарин муштзанҳои беш аз 120 кишвари мухталифи дунё аз рӯи 13 категорияи вазнӣ доир шуд. Фонди ҷоизаваии мусобиқа 8,32 миллион доллар буд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 13 муштзан ширкат варзиданд ва аз ин шумора 2 медал ба даст омад. Акмал Убайдов дар вазни 60 кг медали биринҷӣ ва Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг медали нуқра гирифтанд. Медали нуқраи Хусравхон Раҳимов аввалин дастоварди шоиста дар таърихи бокси тоҷик мебошад.

Дар таърихи бокси Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон Абдусалом Ҳасанов (57 кг) соли 2003 дар Бангкок, Шералӣ Достиев (48 кг) соли 2005 дар Мянян, Анвар Юнусов (56 кг) соли 2011 дар Боку, Мавзуна Чориева (60 кг) соли 2012 дар Синхуандао ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соли 2023 дар Тошканд ва Акмал Убайдов (60 кг) соли 2025 дар Дубай соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буданд. Хусравхон Раҳимов (57 кг) соли 2025 дар Дубай аввалин медали нуқраро барои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон ба даст овард.

Аз ҳисоби маҷмӯи медалҳо муштзанҳои кишвари Русия бо 13 медал (7 тилло, 5 нуқра, 1 биринҷӣ) дар зинаи аввал қарор гирифтанд. Медалҳои тиллоро барои Русия - Всеволод Шумков (60 кг), Иля Попов (63,5 кг), Исмаил Мутсолгов (75 кг), Ҷамбулат Бижамов (80 кг), Шарапутдин Атаев (86 кг), Муслим Гаҷимагомедов (92 кг) ва Давид Суров (+92 кг) соҳиб шуданд.

Дар зинаи дуюм бо ҷамъи 6 медал (3 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) Қазоқистон мавқеъ гирифт. Медалҳои тиллоро барои Қазоқистон - Сакен Бибосинов (54 кг), Оразбек Асилкулов (57 кг) ва Аблайхан Жусупов (71 кг) ба даст оварданд.

Ӯзбекистон бо ҷамъи 9 медал (2 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ) дар зинаи сеюм мавқеъ гирифт. Медалҳои тиллоро барои Ӯзбекистон - Ҳасанбой Дусматов (51 кг) ва Асадхуҷа Муйдинхуҷаев (67 кг) соҳиб шуданд.

Дар зинаи чаҳорум Озарбойҷон бо ҷамъи 3 медал (1 тилло, 2 биринҷӣ) ҷой гирифт. Ягона медали тиллоро барои Озарбойҷон - Субҳон Мамедов (48 кг) соҳиб гардид.

Панҷгонаи беҳтаринҳоро Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҷамъи медалҳои якхелаи 2 (1 нуқра, 1 биринҷӣ) пур карданд.

Ёдовар мешавем, ки ин бузургтарин чемпионат дар таърихи бокси ҷаҳон буд, зеро ба қаҳрамонони ҳар вазн 300 ҳазор доллар, ҷоизадорони ҷойи дуюм — 150 ҳазор доллар, ҷойи сеюм — 75 ҳазор доллар, барои ҷойи 5-ум бошад — 10 ҳазор доллар ҷоизапулӣ тақдим карда шуд. Аз ин маблағ 50% ба муштзанҳо, 25% ба мураббӣ ва 25% ба Федератсияи бокси кишвари ғолибон дода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД