toyota motors
Чемпионати Осиё: Миҷгона Самадова медали биринҷӣ гирифт
07.04.2026
Oila.tj
69

Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба бокс идома дорад. Дар рӯзи нуҳуми мусобиқа рақобатҳои марҳили нимниҳоӣ баргузор шуда истодаанд.

Дар ин марҳилаи мусобиқа кишвари моро Миҷгона Самадова (57 кг), Некрӯз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов намояндагӣ доранд. Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг дар марҳилаи нимниҳоӣ бо намояндаи Тайланд Пунрави Руэнрос нерӯсанҷӣ кард. Дар ин нерӯсанҷӣ Миҷгона давоми се раунд муқобили Руэнрос арзанда нерӯсанҷӣ карда, бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 мағлуб шуд ва соҳиби нишони биринҷӣ гардид. Барои Миҷгона Самадова ин дуюмин нишони биринҷӣ дар Чемпионати Осиё мебошад. Қаблан Самадова дар Чемпионати Осиёи соли 2021 дар Дубай медали биринҷӣ гирифта буд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 30-юми март дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон оғоз шуда, то 10-уми апрел идома мекунад. Дар мусобиқаи мазкур намояндагони 25 кишвар ва ҳадди ақал 230 муштзан ширкат доранд. Ин мусобиқа таҳти сарпарастии World Boxing баргузор шуда истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД