Arzon march 2024
Чемпионҳои Тоҷикистон оид ба бокс дар соли 2023
910


Федератсияи бокси Тоҷикистон ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба боксро бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ намуд.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт баргузор гашта, аз ҳисоби ғолибони сабқати мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин даста дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, ки нимаи аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудаанд, иштирок хоҳад кард.
Федератсияи бокси Тоҷикистон ғолибону ҷоизадорони Чемпионати Тоҷикистон оид ба боксро бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонд. Боксёрҳое, ки дар ин мусобиқаи варзишӣ соҳиби медали тилло гаштанд 5000 сомонӣ, барандагони медали нуқра 3000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 1000 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.
Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс дар маҷмӯъ 175 муштзан иштирок намуданд, ки 57 нафарашон занону духтарон буданд.
Дар байни занон Сумайя Қосимова (вазни-48кг), Рӯҳафзо Ҳақназарова (51кг), Рухсора Қурбонова (-52кг), Фариза Ёқубова (-54кг), Дилдода Асақолова (-57кг), Дилноза Нуримова (-60кг), Мавзунаи Аҳмадҷон (-63кг), Малика Нозимова (-66кг), Мавлуда Одинаева (-70кг), Дилрабо Холмуродова (-75кг), Гуларус Шоева (-81кг) ва Фарзона Каримова (+81кг) ғолиб омаданд.
Дар байни мардон бошад, Меҳроҷиддин Баротов (-48кг), Меҳрон Шафиев (-51кг), Меҳроҷ Зоҳидов (-54кг), Асрор Воҳидов (-57кг), Абубакр Муродзода (-60кг), Баҳодур Усмонов (-63,5кг) унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2023-ро сазовор гаштанд. Саидикром Амонов (-67кг), Шаҳобхон Шукуров (-71кг), Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75кг), Шаббос Негматуллоев (-80кг), Парвиз Каримов (-86кг), Баҳман Расулов (-92кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) низ ба дарёфти унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2023 мушарраф гаштанд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон ду варзишгари тоҷик– Давлат Болтаев (-92кг) ва Миҷгона Самадова (-57кг) дар Бозиҳои Осиё роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст овардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД