sebiston july new
Чодар духтаронро бообрӯ мекунад
932


Чодар ё дар баъзе минтатақаҳо чимилиқ низ мегӯяд яке аз аз рамзҳои асосии баргузор намудани тӯи домодию арусии духтарони тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ҳатто занҳое, ки бо баҳонае тайи чодар намедароянд мавриди таънаи хешовандон қарор мегиранд.

Чодар овехтан дар ҳар минтақа рамзу тартиби худро дорад. Агар каме ба 20солаи ақиб нигоҳ кунем занҳои калонсолу таҷрибадор як шаб пеш аз никоҳ менишастанду аз матоъҳоидаруни сандуқи арус гирифта бо риштаю сузан ба андозаи мувофиқ духта барои никоҳи гуларус омодагӣ медиданд. Вале акнун ин чодарҳо ё тайёр харидорӣ мешаванд ё барои се рӯз ё зиёдтар иҷора гирифта мешавд.

Чодар дар тӯи духтар якчанд вазифа дорад. Аввалан чихеле калонсолҳо мегӯянд чодар аз чашми бад ҷанони нав туйшударо нигоҳ медорад. Сониян арус бо туй шудану ба хонаи домод рафтанаш шарм медораду аз хӯрдану нишастан дар сари дастархон шарм медорад. Ба ин хотир чодар мекашанд то духтар паноҳ аз чашми дигарон хӯраду гурусна намонад.

Кашидани чодар дар шимоли Тоҷикистон (шояд дар баъзе аз ин минтақаҳо чунин амал иҷро нашавад) чодарро то замони кудакдоршавии кели овезон нигоҳ медоранд. Дар миён онро гирифта мешӯянд тоза мекунанд ва боз меовезанд. Фарқ надорад, ки ин амал то як сол давом меёбад ва ё даҳ сол чодар овезон меистад.

Дар дигар минтақаҳо чодарро рӯзи туй канда ба шакли лӯлаи кудак намуда дар бағали арусу домод месупоранд. Ин ба умеде, ки тезтар ниҳоли ин ду навҷавон сабзаду диҳаду меваи ширине ба бор оранд.

Чодарҳоро меовезанд ва дар болояш нони чапотӣ ва ё дар баъзе минтақаҳо барак низ меноманд, овезон мекунанд ин барои он аст, ки файзу баракат дар дастурхони арус зиёд шаваду умри серу пур дошта бошанд.

Аз замонҳои қадим чодар ба ҳар шаклу одатҳои аҷиб ба мо мерос мондааст. Ва ин ба андешаи бисёр занҳо муҳиму ҳатмӣ мебошад. Ба назари духтарон бошад таги чодар даромадан боиси ифтихор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД