Commerce bank may-june 2026
Чодари хунини гуларӯс (ҚИСМИ 11)
06.06.2026
Oila.tj
485

Натиҷаи ташхиси хонаи хоби Гулноз ва таҳлилу баррасиҳои мактубҳои ошиқона шубҳаи муфаттишро нисбат ба Адҳам зиёд кард. Дар бисёр номаҳо ва ҳатто туҳфаҳои аз берун омада нақши дастони Адҳам ҷой дошт.

Адҳам албатта аз ин мункир нашуд ва гуфт:

- Мову Гулноз номаҳои зиёд ба ҳамдигар менавиштем. Туҳфаҳои зиёде ҳам ба ӯ тақдим кардаам ва ин аст, ки нақши панҷаҳои ман ҳатман бояд дар онҳо бошанд. Вале шумо пеш аз ҳама бояд Ҷовидро пайдо кунед. Кист ӯ? Шояд қотил Ҷовид бошад?

Муфаттиш гуфт:

- Мо туро барои пурсупос ба муҳлати се шабонарӯз дар боздоштгоҳ муваққатӣ нигоҳ медорем. Агар дар ин муддат бегуноҳият собит шавад, ҷавоб медиҳем, дар акси ҳол худат медонӣ. Бароят вакили дифоъ интихоб кун…

Тадқиқоти Шаҳбоз ҳам ҷиддан пеш мерафт. Як нафар дугонаи хеле наздики Гулноз, ки Фарзона ном дошту ба қавли худаш «ҳамрозу ҳамдили Гулноз» буд, шахсияти Ҷовидро ба ӯ кушода, суроғаи хона ва рақами телефони ӯро дод.

Шаҳбоз зуд ба Ҷовид занг зад ва баъд аз муаррифӣ гуфт:

- Мо бояд фавран якдигарро бинем ва бо ҳам суҳбат кунем. Ин хеле муҳим аст.

Ҷовид аввал рад намуд, чун фаҳмид, ки қазияи куштори Гулноз матраҳ мегардад ва худи ӯ низ гумонбар дониста шуда, мавриди ҷустуҷӯи муфаттишон қарор дорад, ризоият дод.

Шаҳбоз ба хотири он ки Ҷовид аз ӯ гумони бад набарад ва натарсад, Фарзонаро низ бо худ гирифт. Фарзона аз ҳама асрори мактубҳои ошиқонаи онҳо огоҳ буд ва танҳо ӯ метавонист Ҷовидро барои ҳамкорӣ бо тафтишот маҷбур кунад.

Баробари рӯ ба рӯ шудан Ҷовид аз Шаҳбоз пурсид:

- Рақами телефони маро аз кӣ гирифтӣ ва аз куҷо фаҳмидӣ, ки Ҷовид манам? Зеро номи аслии ман Ҷовид нест ва ин номи рамзист, ки Гулноз ба ман монда буду танҳо дар мактубҳояш чунин ёд мекард. Аз ин асрор ҷуз ману Гулноз каси дигар огоҳӣ надорад.

Шаҳбоз гуфт:

- «Дардо ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро». Хоҳ мард ва хоҳ зан ҳамрози худро дорад, ки танҳо ба ӯ дарди дил мекунад. Ман рақами туро аз Фарзона гирифтам ва инак ӯро низ бо худ овардам, то ту заррае шубҳа накунӣ. Ту ӯро мешиносӣ?

Ҷовид илова кард:

- Аммо намедонистам, ки Гулноз асрори муҳаббати моро пеши касе кушодааст. Зеро ӯ бештару бештар аз ифшо шудани қиссаи ишқи мо метарсид.

Шаҳбоз сухани ӯро бурид:

- Натиҷаи кофтукоби хона нишон дод, ки номи ту дар аксари мактубҳои Гулноз дарҷ ёфтааст ва милисаҳо низ туро меҷӯянд. Пеш аз он ки туро милисаҳо ёбанд, хеле мехоҳам бо ту суҳбат кунам. Ҳамкории ту бо мо ҳам бегуноҳии туро зудтар исбот менамояд ва ҳам эҳтимол барои ёфтани қотил кумак расонад.

- Ман ба ин куштор ҳеҷ рабт надорам,- гуфт Ҷовид.- Баъдан, намехоҳам, ки асрори муҳаббати мо ошкор шуда, номи поки Гулноз доғдор гардад. Ту бояд ба ман кафолат диҳӣ, ки ин асрорро ошкор намекунӣ.

Шаҳбоз гуфт:

- Бепарво бош, аммо аз ёд набарор, ки танҳо пайдо намудани қотил ва муайян гардонидани сабабҳои ба ин амали бад даст задани ӯ метавонад покии Гулнозро собит кунад, вагарна шубҳаву гумонҳо то дер давом хоҳанд кард, ки ин на ба манфиати ту аст ва на ба манфиати марҳума.

(Давом дорад)

Соли 2008

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД