Адҳам ҳамаро аз дар берун карда, ин тарафу он тараф роҳ мегашт ва омадани милисаҳову ташхисгаронро интизор буд.
Ӯ ба атрофиён муроҷиат карда, гуфт:
- Ман ба покизагии Гулноз бовар дорам. Гумон намекунам, ки ӯ худкушӣ карда бошад. Гулнозро солҳои зиёд мешинохтам, ҳар қадамашро дониста мегузошт, ҳар суханашро бо андеша мегуфт, сабукпову кӯчагард набуд. Ин ҷо асроре пинҳон аст.
Ташхисгарон як нафар аз хешовандони Гулноз, як нафар аз тарафи домод ва як нафар шахси холисро чун шоҳид ба хона даъват карданду ба муоина оғоз намуданд. Нахуст кордро чун ашёи асосӣ, ки дар худкушӣ истифода шуда буд, дар покети селофанӣ ҷой намуда, изи панҷаҳои дар он нақшбастаро гирифтанд. Баъд изи панҷаҳои арӯсро низ гирифтанду ба ташхиси ҷасад оғоз карданд.
Ташхисгар гуфт:
- Танҳо нодухтарӣ метавонист боиси худкушӣ шавад, вале бакорат осебе надидааст. Ӯ бокира аст. Корд то даҳ сантиметр ба ҷигар дароварда, тоб дода шудааст. Инсон метавонад ба худ корд занад, вале ӯ наметавонад теғро тоб диҳад. Зеро дарди ҷонкоҳ ба ин имкон намедиҳад. Ин ҷо сирре ҳаст.
Ташхисгар мегуфту муфаттиш суханони ӯро дар дафтар қайд мекард.
Вақте шиками ҷасадро чок карданд, ташхисгарон ба ҳайрат афтоданд. Шуш каме тира гашта, дар он доғчаҳои сиёҳ пайдо шуда буд. Ташхисгар гуфт:
- Шуш асосан вақте сиёҳ мегардад, ки инсон бӯғӣ шавад. Доғҳои сиёҳ низ дар натиҷаи нарасидани ҳаво ба вуҷуд меоянд. Шахсоне, ки бо ресмон худкушӣ мекунанд ва ё бо роҳи бӯғӣ кардан кушта мешаванд, шушашон сиёҳ мегардад. Шуши ин ҷасад пурра сиёҳ нест. Осори бӯғӣ шудан ҳаст, вале ин сабаби марг будан наметавонист. Шояд арӯс аввал хост, ки худро бо роҳи бӯғӣ кардан ба қатл расонад, аммо натавониста, он гоҳ ба даст корд гирифта, бар ҷигари худ задааст? Хун зиёд рафта ва захм вазнин аст. Ба фикрам, маҳз хунравии зиёд сабаби марг шудааст, вале натиҷаи ниҳоиро ташхиси лабораторӣ муайян мекунад.
Дар либоси арӯсӣ низ изи панҷаҳои зиёде буд.
Ташхисгарон маълумоти заруриро гирифтанду рафтанд.
Субҳи барвақт ба ҷойи рӯйбинон маросими ҷаноза ва дафн оғоз ёфт. Фиғону нолаи волидайни арӯс ба осмон печид. Агарчи миш-мишҳо зиёд буданду гурӯҳе «мурдаро монда, тутхӯрӣ мекарданд», оҳанги миш-мишҳояшон тағйир ёфт. Зеро натиҷаи ташхис нишон дод, ки арӯс бокира аст ва нодухтарӣ сабаби худкушӣ нашуда.
Арӯсро ба хок супурданду чодари хунини ӯро низ берун аз қабр, дар гӯшае зери хок карданд. Баъд аз чанд рӯз натиҷаи ташхиси лабораторӣ ҳам омад ва ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Дар корд нақши панҷаҳои Гулноз вуҷуд надошт.
Хулоса чунин буд: Гулноз худкушӣ накарда, балки кушта шудааст. Қотил ӯро аввал бӯғӣ карда, баъд корд задааст. Изи панҷаҳо дар банди корд вуҷуд дошт, вале дар гулӯ ва даҳони Гулноз ҷойи изи панҷаҳо набуд.
Рӯзи дигар натанҳо волидайн ва хешу табори Адҳам, балки аксари сокинони маҳалла мавриди пурсиши муфаттишон қарор гирифтанд. Онҳо аввал ба хонае, ки дар он ҷиноят содир шуда буд, рафта, аз нав тамоми ашёро муоина карданд, то шояд аз қотил ягон нишонаи дигаре боқӣ монда бошад. Ҳатто одитарин коғаз ё латтапораро дар покети селофание гузошта, барои омӯзиш ба ташхисгоҳи судӣ фиристоданд. Ҳар нафареро, ки дар маросими арӯсӣ ширкат дошт, рӯйхат карда, бо онҳо суҳбат намуданд ва даъватнома доданд, то рӯзи дигар ба шуъбаи корҳои дохилӣ барои супоридани изи дастонашон ҳозир шаванд. Янгаи арӯсро чун ягона шоҳид ва шахсе, ки шаб бо арӯс дар як хона хоб буду ӯро посбонӣ мекард ва аввалин шуда, аз ҷасади ба хун оғӯштаи арӯс хабардор ба ҳисоб мерафт, бо худ бурданд. Янгаи арӯс агарчи шоҳид гашт, муфаттишон ӯро дар ин куштор шарик медонистанд.
(Давом дорад)
Соли 2008