Падар дафтари хотираи духтарашро боз варақгардон мекард.
Дар саҳифаи дигаре навишта шуда буд:
“Эй ширинтарин лаҳзаҳои умрам! Агар медонистӣ, ки чӣ қадар дӯстат медорам... Агар медонистӣ, ки танҳо бо он чанд лаҳзаяки бо ту будан омодаам зиндагии минбаъдамро сипарӣ кунам..., агар медонистӣ, ки чӣ қадар дар ҳавоят қалби пуртуғёнам чун моҳии бурун аз об метапад...
Эй Офаридгор! Танҳо Ту ва танҳо Ту метавонӣ инро дарк кунӣ. Танҳо Ту ин қудратро дориву бас, чун ин ҳама муҳаббатро дар қалби сардгаштаи ман Ту ворид кардиву дарёи муҳаббатро ба сӯям равон намудӣ. Аммо ҳоло чӣ? Мебинӣ, ки чӣ қадар дар ҳавояш месӯзаму орзуям танҳо хушбахтии ӯст. Дурии ӯ маро девона мекунад, вале бояд таҳаммул кунам ва бо шахси дигар хонадор шавам. Оё ин бадтар аз марг нест? Онеро, ки аз ҷону дил дӯст медорӣ ва дарк мекунӣ, аз ту фарсахҳо дур ва дар миён фосилаҳои тӯлонӣ мавҷуданд, девори ғам атрофатро фаро мегирад, чӣ коре карда метавонӣ? Бахусус вақте эҳсос менамоӣ, ки ин фосилаҳо интиҳо надоранду дилдодаҳо ба ҳам намерасанд, зиндагӣ талхтар мешавад. Аммо чӣ кунам бо ин қалби сардгаштаам, ки ҳама хобу руъёяш танҳо ӯст.
Дар ҷое хонда будам, ки ишқ он аст, ки вақте шахсеро аз ҷону дил дӯст медорӣ ва лаҳзаи видоъ қалб бо дарду ҳасрати зиёд илтиҷо мекунад, ки нарав, аз ман дур нашав, ки мемирам, аммо забон мегӯяд, ки бираву хушбахт бош! Ман ҳам маҳз ҳамин корро кардам ва бо ҳамин ният ба шахси дигар ба шавҳар мебароям, то ӯ хушбахт бошад. Ба садои қалбам гӯш намедиҳам. Зеро он садоро танҳо ман мешунаваму танҳо ман дарк мекунам. Ӯ ин садоро нашунид. Ӯ танҳо ҳамон суханеро шунид, ки ман ба забон овардам. Ин аст, ки оромона дар ҷавоб гуфт: «Агар тасмимат бо шахси дигар хонадор шудан аст, пас хушбахт бош ва роҳат сафед бошад».
Аз худам баъзан бадам меояд ва мегӯям, ки чаро ин корро мекунам? Охир, давои қалби сӯзонам танҳо ӯст, на каси дигар. Пас аз рафтани ӯ бо ин қалб ман чӣ хоҳам карду чун хоҳам зист? Аммо боз ҳам меандешам, ки агар ин корро накунаму боиси нооромии ӯву зиндагияш шавам, чӣ мусибате хоҳад буд? Мабодо барои ман шуда, ба зиндагии ӯ халале расад ва ӯ худро нороҳат эхсос кунад. Пас, дар ин вазъият ҳолам чӣ мешавад? Магар хушбахт мешавам ва оромиш меёбам? Асло! На қалбаму на ҷисмам оромиеро дар худ намеёбад.
Маҳз барои ҳамин раҳояш кардам, аммо қалбам сахттар пойбандаш шуд ва бештар дар ҳавояш метапиду метапад, месӯзаду месозад, танҳо бо ману барои ман. Лекин илоҷи дигаре ҳам надорам. Ба ҷуз ин, ки бигӯямаш:
- Роҳи ту ҳам сафеду хотират болида бод, азизтарин ҳамрози қалбам!
Бо дили пур аз алам, Гулноз».
Дар ин мактуб, ки бо сад дарду армон навишта шуда буд, касе номбар намегашт. Сару рӯйи падарро арақ фаро гирифту вуҷудаш ба ларза даромад. Ӯ наметавонист духтари худро барои дӯст доштан гунаҳкор созад. Зеро худаш низ замоне ошиқ буду ин дардро эҳсос мекард.
(Давом дорад)
Соли 2008