Шабнам ба хонаи ҳамсоя рафтанӣ буд, ки муфаттишро дид. Муфаттиш бо мошинаш назди дар ҳозир шуда буд. Он гоҳ ҳар ду давон-давон ба хона даромаданду муфаттиш ба Адҳам кумак карда, беморро ба мошин шинонданд.
Падари Гулноз бо ишора чизе гуфтан мехост, аммо наметавонист. Забонаш ҳам карахт шуда будааст. Адҳаму муфаттиш ӯро ба наздиктарин шифохона оварданд. Пешбинии Адҳам тасдиқ ёфт. Падари Гулноз инсулт шуда, дар натиҷаи фишори баланд тарафи рости ӯ пурра фалаҷ гардида буд.
Табиб гуфт:
- Хуб мешуд, агар ӯро то омадани духтур аз ҷояш намеҷунбонидед. Ҳолаташ вазнин аст. Ҳар чӣ аз дастамон ояд, мекунем.
Адҳам ҳамаи доруҳои заруриро харида, ба табибон доду писари дуюми ӯ Солеҳро даъват карда, назди падар гузошт ва худ ҳамроҳи муфаттишу Шабнам ба хонаи хоби Гулноз омаданд. Онҳо сахт ҳайратзада шуда буданд: «Падари Гулноз чӣ пайдо карда бошад, ки якбора ба чунин бало гирифтор шуд?». Ҷавоби ин саволро танҳо ҳаматарафа тадқиқ намудани ҷойи хоб ва дафтару китобҳои Гулноз дода метавонист.
Адҳам гуфт:
- Шояд дар ягон дафтар ва ё ягон мактуб падараш номи қотилро пайдо намуда ва ҳамин бозёфт ӯро ба чунин ҳолат расонида бошад?
Адҳам дафтари хотироти дар рӯйи хона хобидаи Гулнозро гирифта, ба варақгардон кардани он оғоз намуд. Аз он ки дафтари мазкур дар дасти падари Гулноз буд, маълум буд, ки ӯ онро хондааст. Дар саҳифаи кушодаи он навишта шуда буд:
«Ту минбаъд Ҷовиду ман Шаҳнозаам. Бигзор қиссаи муҳаббати мо чун «Қиссаи ишқи Шаҳнозаву Ҷовид» боқӣ монад. Ман намехоҳам касе номи аслии моро донад. Ту хоҳиш кардаӣ, ки таассуротам дар бораи шиносоии нахустин ва чӣ гуна ба ту дил доданамро нависам. Кӯшиш мекунам, ки ҳама эҳсосотамро рӯйи коғаз оварам. Агар ба чизе муваффақ шудам, хуб аст, агар не, ту худат медонӣ.
Рози маъшуқ ҳадисест ниҳондоштанӣ,
Эй сабо, пеши кас аз қиссаи мо дам мазанӣ!”.
Адҳам хондани хотираро идома дод: «Соат бо вақти Душанбе 10:54-и рӯзи якшанбеи 30-юми январи соли 2006. Бо вуҷуди он ки рӯзи истироҳат аст, ман феълан дар утоқи кориам нишастаам, то баъзе корҳои аз дирӯз мондаамро ба анҷом расонам, аммо ба ҷойи ҳуруфи матнҳо пеши назарам акси Ҷовид намоён буд. Ҳарчанд худро маҷбур кардам, ки корамро идома диҳам, фоидае надошт. Мусиқии ором маро ба дунёи хаёлоти ширин бурд. Дар он дунё танҳо Шаҳноза буду Ҷовид. Ба акси Ҷовид ва ба аҳволи феълии худ нигариста, ба фикр фурӯ рафтам, ки чӣ гуна шиносоии мо сурат гирифта буд.
Ман пештар аз ин ба худ аҳд баста будам, ки дигар ҳеҷ гоҳ дил ба касе намебандам ва ба марде бовар намекунам. Аммо аллакай қалби ман дигарбора мубталову пойбанди ту шуда буд. Ба нафаре дил бохта будам ва тамоми дунёямро дар ӯ медидам. Нафаре, ки дубора ба зиндагии ман равшанӣ бахшид. Бовар ва муҳаббати ман нисбат ба ту аз куҷо пайдо шуд, худам ҳам намедонистам ва ҳайрон будам. Шояд ин ҳама аз муносибати ниҳоят самимии ту сарчашма гирифта буд, вале воқеан қалбам дигар дар итоатам қарор надошт. Ин хеле аҷиб аст. Ману ту танҳо як сол боз ошноӣ доштему халос ва ин ошноӣ ҳам асосан дар доираи кор сурат гирифта буд. Аз шиносоии нахустин чанд рӯзе нагузашта, ту маро бо саволе дар ҳайрат гузошта будӣ. Аз ман пурсидӣ, ки: «Оё туро нафаре шоҳдухтари орзуҳои худ ном мебарад?».
Ман лол мондам ва лаҳзае фикр карда, ба суоли ту бо суол посух додам:
- Барои чӣ мепурсӣ?
Ту гуфтӣ:
- Агар иҷоза бошад, аз ин баъд, ман туро шоҳдухтари орзуҳои худ мегӯям.
Намедонистам ба ин пешниҳоди ғайричашмдошт чӣ посух гӯям ва табассум дар лаб чӣ гуна «иҷозат» гуфтани худро надонистам. Ту низ «итоат» гӯён ба кори худ идома додӣ.
Субҳи дигар ту баробари пайдо шуданам ба ман паёмак навиштӣ: «Субҳ ба хайр, шоҳдухтари орзуҳои ман». Ман дар ҷоям шах шудам. Зеро то имрӯз ба ман касе бо чунин самимият ва илтифот муроҷиат накарда буду воқеан ҳам «шоҳдухтари орзуҳо»-и касе набудам. Вуҷудамро шарму ҳаё фаро гирифт ва дасту по гум кардам, бо вуҷуди ин, худро ба даст гирифта, ба ту ҷавоб навиштам: «Субҳи шумо ҳам ба хайр бошад, шоҳзодаи ман!». Бо ҳамин, дигар ман Шоҳдухтар шудаму ту Шоҳзода. Қариб як сол мо ба ҳамдигар бо ҳамин номҳо муроҷиат менамудем. Ҳарчанд баъзан ман аз муносибати ту дил бой медодам, худро ҳамеша ҷиддӣ вонамуд мекардам, то аз муҳаббатам пай набарӣ. Тасаввур намекардам, ки рӯзе мешавад, дар симову қалби шоҳзодаи бофтаву хаёлӣ ва забонии худ шоҳзодаи воқеии орзуҳоямро мебинам.
Оре, «сюрприз»-и тақдир ба ман бори дигар имтиҳони ишқро пеш оварда буд. Аз ин пайроҳаи басо мушкил чӣ гуна баромаданамро намедонистам»…
(Давом дорад)
Соли 2008