Чор рӯзи оянда дар Тоҷикистон барфу борон ва фаромадани тарма пешгӯйӣ мешавад
10.02.2026
Oila.tj
138

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз бориши барфу борон ва эҳтимоли фаромадани тарма дар рӯзҳои 10 то 14-уми феврали соли равон ҳушдор додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ, доманакӯҳӣ ва ағбаҳо бориши пуршиддати барфу борон пешгӯйӣ мешавад. Дар натиҷа, ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ метавонад мушкил шуда, дурии биниш коҳиш ёбад.

Ҳамчунин, дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ (километрҳои 48-74), маҳалҳои Майхӯра, Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД