Дар панҷ моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 12 ҳазору 821 мошини барқӣ ворид шудааст, ки қариб ду баробар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 ба кишвар 5 ҳазору 266 электромобил ворид гардида буд.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, то 1-уми июни соли равон шумораи умумии мошинҳои барқӣ дар кишвар ба 34 ҳазору 354 адад расидааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки то соли 2028 на камтар аз 30 дарсади тамоми воситаҳои нақлиёт дар кишвар барқӣ шаванд. Бо ин мақсад "Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2028" қабул шудааст.